Хоҳиши ТҶ «ДОШ» аз прокуратура: Чораи ҳуқуқӣ андешида шавад!

«Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» аз прокуратура санҷиши қонунӣ будани Қарор дар бораи даъвати шаҳрвандонро хоҳиш намудааст.

Санаи 13-уми октбяри соли 2017 ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба унвони прокурори ноҳияи Спитамен, Мушовири адлияи дараҷаи 1 Ҳусейнзода У. муроҷиатномаро бо хоҳиши додани баҳои ҳуқуқӣ ва андешидани чораи зарурии ҳуқуқӣ ирсол намудааст.

Ташкилоти мазкур, ки дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ фаъолият мебарад, Қарори раиси ноҳияи Спитамен таҳти рақами 742 аз санаи 22-юми сентябри соли 2017 “Оид ба даъвати шаҳрвандони соли таваллудашон 1990-1999 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр - ноябри соли 2017”-ро таҳлил карда, дар он ба якчанд нукта додани шарҳро талаб намудааст:

Дар банди 3-и Қарори номбурда омадааст: “Комиссариати ҳарбии ноҳия вазифадор карда шавад, ки рўйхати даъватшавандагони аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намударо тартиб дода, барои кофтуков ва ба комиссияи даъватии ноҳия ҳозир намудани онҳо ба ШВКД ҶТ дар ноҳия ва дар мавриди зарурӣ барои андешидани чораҳо рўйхатро барои чораандешӣ ба прокуратураи ноҳия пешниҳод намояд”.

Дар матни оянда, банди 6 омадааст: “Мутобиқи моддаи 3 ва 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен вазифадор карда шавад:

Ба комиссияи даъватии ноҳиявӣ барои гузаронидани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ёрии амалӣ расонида, нисбати шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, мувофиқи дархости хаттии комиссари ҳарбии ноҳия шахсони аз хизмати ҳарбӣ бе сабаб саркашӣ намударо барои гузаштани комиссияи тиббӣ ва даъват ба нуқтаҳои даъватӣ таъмин намояд.

Ин талабот бархилофи моддаҳои 3 ва 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” мебошад, зеро, тибқи муқаррароти ин модда, ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ваколати ҳозир намудани даъватшавандаҳои аз хизмати ҳарбӣ саркашинамуда дода нашудааст.

Мувофиқи моддаи 27-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” даъватномаро ба шаҳрвандон кормандони комиссариати ҳарбӣ ва дигар шахсони вобаста бояд супоранд.

Дар даъватнома бояд оқибати ҳуқуқии аз тарафи шаҳрвандон иҷро нагардидани талаботҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда зикр шуда бошад ва даъватшаванда уҳдадор аст, ки даъватномаро қабул намояду ба комиссияи даъватӣ хозир шавад. Ҳангоми бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ў шахси аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ карда ҳисобида ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Ҳангоми саркашӣ намудани шахс аз хизмати ҳарбӣ комиссари ҳарбӣ ба таври хаттӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ барои кофтукови даъватшавандагони аз хизмати ҳарбӣ саркашинамудаистода муроҷиат менамояд. Мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи ваколатҳои худ метавонад кофтуков гузаронад ва дар сурати мавҷуд будани асоси қонунӣ шаҳрвандонеро, ки аз қайди ҳарбӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ, адои хизмати ҳарбию ҷамъомадҳои ҳарбӣ, хизмати алтернативӣ саркашӣ намудаанд, инчунин шахсонеро, ки худсарона қисми ҳарбиро тарк намудаанд, боздошт намоянд.

Қонунгузорӣ овардан ва дастгир кардани даъватшавандаро танҳо дар он ҳолат пешбинӣ менамояд, ки агар тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он мутаносибан ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ пешбинӣ шуда бошад.

Инчунин, дар Қарори номбурдаи раиси ноҳияи Спитамен омадааст, ки “Якҷоя бо комиссаритаи ҳарбӣ дар давраи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии беасос тарк намудани ҳудуди зист шаҳрвандони соли таваллудашон 1990-1999 ва ҷавонони синну соли даъватӣ чораҳои зарурӣ андешад”.

Ҷоизи қайд аст, ки бандҳои номбурдаи Қарор ба вайроншавии ҳуқуқ ва озодии инсон, аз ҷумла ба вайрон шудани ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, ки дар асоси он ҳеҷ кас бе асоси қонунӣ дастгир карда намешавад ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил оварда расониданаш мумкин аст.

Бандҳои Қарор ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ба сиёсати давлат ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, ки истифодаи усулҳои ғайриқонунии даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро манъ кардаанд, мухолифат мекунад.

Дар хотимаи муроҷиати худ ТҶ “ДОШ” аз прокуратура хоҳиш намудааст, ки ба Қарори номбурда баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, чораи зарурии ҳуқуқӣ андешида шавад. 

NoTorture.Tj