Идатон муборак, ҷавонони арҷманд!

Муҳтарам ҷавонони созандаи Ватан! Ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки мо ҳар сол онро дар фазои сулҳу дӯстӣ ҷашн мегирем, самимона табрик мегӯяд.

Умедворем, ки шумо дар пешбурди ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намуда, барои рушди Ватани азизамон саҳми худро мегузоред. Зеро ҷавонон бо қувва ва нерӯи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд. Боварӣ дорем, ки шумо - ҷавонони саодатманд барои баланд бардоштани ному мақоми кишвари соҳибистиқлоламон собитқадамона гом мениҳед.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонон муборакбод гуфта, дар симои шумо ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон сарбаландӣ, тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва сулҳу оромии ҳамешагӣ таманно дорем.

NoTorture.Tj