Иддаои нави муттаҳамони қатли кормандони комиссариат: Моро низ латукӯб карданд

Муттаҳамони қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино дар мурофиаи додгоҳӣ иддао кардаанд, ки аз ҷониби кормандони мақомот мавриди латукӯб қарор гирифтаанд. 

Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, дар курсии айбдорӣ барои ҳамла ва қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ 6 нафар нишастаанд. Манбаъ гуфт, гумонбарон дар ҳамлаи маргбор ба кормандони комиссариат зимни мурофиа дар додгоҳи шаҳри Душанбе изҳор доштанд, ки онҳо низ аз ҷониби намояндагони мақомот мавриди латукӯб қарор гирифтанд ва нисбати онҳо низ чораандешӣ шавад:“Муттаҳамон аз додраси парванда дархост намудаанд, ки нисбати кормандони мақомот низ барои латукӯб қарори қонунӣ қабул карда шавад”. 

Манбаъ афзуд, додрас дархости ҷониби судшавандаҳоро барои тафтиш ба Додситонии кулли Тоҷикистон ирсол намуда, то анҷоми он мурофиаҳои додгоҳиро ба таъхир гузошт. 

Дар баробари Умедҷони Амрохон 5 нафари дигар – Шоҳинҷон Сафаров, Шарифҷон Раҳматов, Одилҷон Мирзоев, Наврӯзҷон Мирзоев ва Ҷумъахони Давлатшоҳ гумонбарони ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино дар курсии айбдорӣ нишастаанд. 

Қаблан Вазорати умури дохилӣ Умедҷони Амрохон, сокини 21-солаи шаҳри Кӯлобро муттаҳами асосӣ дар қатли кормандони комиссариат муаррифӣ кард. Тибқи иттилои ин ниҳод Умедҷони Амрохон ва Шарифҷон Раҳматов соати 7:20 дақиқаи 7-уми ноябри соли 2015 дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калонТемурхон Эгамбердиев, майор Пулод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи комиссариати мазкур - Рустам Саъдуллоев муноқиша карда, бо корд номбурдагонро маҷруҳ кардаанд: “Дар натиҷа майор Мирзоев Пӯлод дар ҷойи ҳодиса прпоршик Насибов Ҳамза низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд”.

Умедҷони Амрохон дар навори нашркардаи ВКД иброз намуда буд, ки “аз хона ба ҷои кор омада истода будем, ки шахсони номаълум омада, салом доданд. Чор нафар буданд, ҳар чорашонро бо кордча задам. Кордчаро як моҳ қабл аз бозор харида будам”. 

Озодагон