Иди Саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

Ҳамдиёрони азиз! Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шумо ва аҳли хонадону пайвандонатонро ба муносибати фарорасии Иди Саиди Фитр муборакбод мегӯяд.

Ба шумо дили софу орӣ аз гуноҳҳо, саломатӣ, умри дарозу пурбаракат, оромиву осоиш, хонадони обод, зиндагии саршор аз хурсандӣ ва кушоиши кор таманно дорем!

Бигузор дар ин рӯзи фархунда ҳамаи умеду орзуҳоятон ҷомаи амал пӯшанд.

NoTorture.Tj