Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд дар пайи анҷоми ташхиси тиббии судӣ ба баррасии парвандаи ҷиноӣ алаҳи Урунбек Тошев, собиқ корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, ки дар латту кӯби Саидалӣ Ҳақбердиев, як ҷавони 24-солаи тоҷик муттаҳам мешавад, идома медиҳад.
Аз “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки мурофиаи додгоҳӣ фардо, 5 июн дар Додгоҳи ҳарбии Хуҷанд оғоз мешавад. Манбаъ мегӯяд, Урунбек Тошев бо дастрасии моддаи 316 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад.
Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи Саидалӣ ва ҳуқуқшиноси “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт:“дар мурофиаи қаблӣ мо аз додрас дархост кардем, ки ташхиси судию тиббии криминалӣ гузаронида шавад. Фардо натиҷаи ин ташхис эълон мешавад”.
Саидалӣ Ҳақбердиеви 24-сола сокини деҳаи Яккахонаи ноҳияи Панҷакент чоруми ноябри соли 2014 аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия “облава” шуда, ба гуфтаи наздиконаш дар роҳ то маркази ноҳия латту кӯб шудааст. Ба қавли наздикони ӯ, дар пайи ин латту кӯб беҳуш шуда, танҳо бо гузашти ду рӯз дар беморхона ба худ омадааст.