Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон шумораи умумии истифодабарандагони интернет 4,2 миллион нафар аст. Дар ин бора дар нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ оид ба натиҷаҳои соли 2021 зикр гардид.
Муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев дар нишасти матбуотии имрӯза иттилоъ дод, ки алоқаи мобилӣ дар саросари кишвар мутобиқи стандартҳои милливу байналмилалӣ кор мекунад.
Дар шарҳи суоли рӯзноманигорон вобаста ба сабабҳои қатъи интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон пас аз эътирозҳои рӯзҳои 25-28-уми ноябри соли гузашта ба таъмини амнияти иттилоотии шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат тибқи қонунгузории Тоҷикистон, аз ҷумла дар асоси моддаҳои 33 ва 34-и Қонуни ҶТ «Дар бораи алоқа» ишора карда шуд.
«Доираҳои алоҳида мехостанд интернетро барои вайрон кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон истифода баранд, аз ин рӯ, мо бояд меъёрҳои қонунгузории амалкунандаро барои таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон риоя мекардему мутаносибан интернет дар ин минтақа хомӯш карда шуд. Мо тамоми қувваю системаи худро сафарбар намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият мебарем. Ин уҳдадории ҳар як шаҳрванд аст. Ҳоло дар ВМКБ интернет фаъол аст ва ба истиснои баъзе минтақаҳо, бо стандарти 3G кор мекунад»,- гуфт ин нафари масъул.
Дар ҳамин ҳол, Платформаи ҳамрайъии шаҳрвандӣ (ПҲШ) рӯзи 28-уми январ аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба интернет дар ВМКБ ва нақзи ҳуқуқи сокинон дар самти дастрасӣ ба иттилоот изҳори нигаронӣ кард.
Илҳомҷон Атоев дар шарҳи суоли рӯзноманигорон оид ба суст будани алоқаи интернетӣ қайд кард, ки воқеан ҳам интернет дар Тоҷикистон бо вуҷуди афзоиши суръат, бо мушкил ба кор шуруъ кардааст.
«Мо аллакай суръати интернетро дар ҷумҳурӣ аз 70 Гбит/с то 100 Гбит/с баланд кардем. Дар бораи сифати алоқа шикоятҳои зиёд вуҷуд доранд, ки ин ба омилҳои зиёд, аз ҷумла энергия вобаста аст. Дар баъзе стансияҳои базавӣ нерӯи барқ қатъ шуда, генераторҳои алтернативӣ вуҷуд надоштанд»,- таъкид намуд муовини раиси Хадамоти алоқаи кишвар.
Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ҳамчунин ба масъалаи муҳлати бақайдгирии дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои нави ID таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Илҳомҷон Атоев дар шарҳи ин мавзуъ гуфт, ки бақайдгирии дубора то 15-уми феврали соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт, аммо масъалаи тамдиди муҳлати онро тасдиқ накард.
Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, то имрӯз 5 миллиону 416 ҳазору 345 симкорт дубора сабти ном шуда, 2 миллиону 412 ҳазору 465 симкорт бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 сабти ном шудаанд.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин зикр гардид, ки теъдоди умумии муштариёни мобилӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 8 миллион нафар ва теъдоди умумии корбарони интернет, бино ба иттилои Хадамоти алоқа, 4 миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.