Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб тасмим дорад, нисбати имом-хатиб ва масъулини масоҷид, ки аз фиристодани фарзандонашон ба артиш худдорӣ мекунанд, ба додгоҳ шикоят барад.
Як масъули ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, дар раванди даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҳолатҳои саркашии имом-хатиб ва нафароне, ки миёни мардум аз обрӯву эҳтиром бархӯрдоранд, аз фиристодани фарзандонашон ба артиш ошкор шудааст: “Дар робита як комиссия ташкил шуда, дар тамоми ноҳияву ҷамоатҳои минтақа фаъолият мебарад. Тибқи маълумоти ба мо расида, теъдоди чунин афрод дар ноҳияи Муъминобод ҳудуди 10 ва дар худи шаҳри Кӯлоб 22 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин самт санҷишҳо идома доранд”.
Манбаъ меафзояд, дар сурати дубора сарпечӣ намудан нисбати онҳо ба суд шикоят хоҳанд бурд.
Тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 15 март имзо шуд, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд: “Моҳҳои апрел-майи соли 2016 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд”.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Вазорати дифои Тоҷикистон, тайи беш аз 10 рӯзи маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, иҷрои нақшаи даъват дар кишвар 45 дарсадро ташкил додааст.