Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
10-уми декабри соли 1984 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо қабул гардида, 26-уми июни соли 1987 ба қувваи қонунӣ даромад. Баъди 10 сол, дар соли 1997 Ассамблеяи Генералии СММ 26-уми июнро Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа эълон кард. Айни замон 156 давлат иштирокчиёни конвенсия ба шумор мераванд.
Ин рӯз аз даҳҳо ҳазор қурбониён ёдовар мешавад, ки барои онҳо кумаки ҳатмӣ лозим аст.
26-уми июн даъват ба кулли ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла давлатҳои аъзои СММ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони ҷудогонаи тамоми дунё барои пайвастан ба талошҳо дар мавриди расонидани кумак ба қурбониёни шиканҷа маҳсуб меёбад.
Зеро, шиканҷа нақзи ҳуқуқи инсон аст. Ҳуқуқи байналмилалӣ бегуфтугӯ истифодаи онро дар дилхоҳ ҳолат манъ мекунад. Сарфи назар аз ин, чунин муносибати бераҳмона нисбати боздоштшудагону маҳбусон дар бисёр давлатҳои дунё таҷриба мешавад.
Дӯстон, ба хотири ҳамаи онҳое, ки аз шиканҷа зарар дидаву дида истодаанд, мо бояд талошҳоямонро муттаҳид созем ва ба шиканҷа барои ҳамешагӣ хотима гузорем.
ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»