Article Pages

Модари як сарбоз иддао дорад, писарашро дар Артиш ба ҳаде азият кардаанд, ки тавони сӯҳбат надорад, вале мақомт мегӯянд, писари ин зан афтодааст ва ҳоло табобат мешавад. Ҳалима Мирова, модари як сарбоз ду моҳи ахир дар роҳи ноҳияи Айнӣ ва Душанбе саргардон аст. Ӯ барои аёдати писараш, ки дар беморхонаи рӯҳӣ бистарӣ аст, меояд. Ба иддаои ин модар, писари 23 солаашро ду моҳи пеш ба хизмат...

25.01.2020 - 09:25

Эраҷ Наимов, маъмури пешини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар шиканҷаи сокини шаҳри Турсунзода Ҳасан Ёдгоров ба ҳабс гирифтаанд. Ду муфаттиши собиқ низ бо айни иттиҳом дар боздоштанд. Ҳасан Ёдгоров, сокини 36-солаи шаҳри Турсунзода, мегӯяд, бо айби Эраҷ Наимов ва ду ҳамроҳи дигараш 8 моҳ ҳамчун қотил дар боздошт буд. Вай иддао дорад, ки зери шиканҷа, аз...

19.01.2020 - 17:39

Ду сокини шаҳри Норак, бародарон Набиевҳо, мегӯянд, онҳро аз рӯи қазияи шиканҷа шуданашон ба додситонӣ даъват кардаву баёнот гирифтаанд. Ба гуфтаи ин ду нафар, онҳо дар арафаи соли нав аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Фирдавсӣ дастгир ва латту кӯб шуданд. Нисбат ба бародари дигари онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ ахиран бо як иттилояи расмӣ ба иддаои ин хонавода...

13.01.2020 - 13:16

Як сокини шаҳри Норак иддао дорад, ки маъмурони милисаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шаби 31-уми декабри соли 2019 се писарашро боздошту шиканҷа кардаанд. Бибиҷон Назарова гуфт, он шаб писаронаш Парвиз, Орзу ва Алишер Набиевҳо барои таҷлил аз соли нав аз Норак ба Душанбе омада буданд. Мақомот иддаои шиканҷа шудани бародаронро рад карда, гуфтанд, ки онҳоро ҳамчун гумонбар дар шуъбаи корҳои дохилӣ...

10.01.2020 - 17:20

Равшан Азизов, сокини 21-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, баъд аз ду моҳи даъват ба артиш ва хидмат дар қисми "0438"-и нирӯҳои марзбонӣ дар шаҳри Хоруғ бар асари беморӣ даргузаштааст. Мақомот мегӯянд, ӯ саратони гулӯву бинӣ буд. Пайвандонаш иддао доранд, ки Равшан Азизов пеш аз рафтан ба артиш ҳеч дард надошт ва зоҳиран дар шароити, ба гуфтаи онҳо, бади хидмат мариз шудааст....

05.01.2020 - 20:27

2-юми январи соли 2020 дар Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба моддаи 143, эзоҳи 1 (Шиканҷа)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ қабул карда шуданд, ки ҷазо барои истифодаи шиканҷаро пурзӯр мекунанд. Акнун ҳукм аз рӯи қисми 1-и моддаи мазкур аз 5 то 8 сол, аз рӯи қисми 2 аз 8 то 12 сол ва аз рӯи қисми 3 то 15 соли маҳрум кардан аз озодӣ боло меравад. Тағйироту иловаҳои мазкур мутобиқ ба тавсияҳои Кумитаи зидди...

02.01.2020 - 23:12

Ҳамкорон, дӯстон ва шарикони муҳтарам! Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо бо фарорасии Соли нави 2020 табрик мегӯяд! Бигузор ин Соли нав соли лоиҳаҳои ҷолиби нав, дастовардҳои якҷояи нав ва муваффақиятҳо бошад! Бигузор ҳамкориҳои мо роҳҳову имкониятҳои навро боз намоянд! Соли оянда соли беҳбудӣ ва ғолибиятҳои намоён хоҳад буд! Соли нав соли умеду...

01.01.2020 - 23:53

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ёддоштеро бо суроға ва рақамҳои телефонӣ баҳри муроҷиати шумо дар ҳолатҳое, ки агар аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидаеду намедонед ба куҷо муроҷиат намоед, омода кардааст. Инфографика дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба риояи ҳуқуқҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона” бо дастгирии молиявии Барномаи ҳуқуқии...

28.12.2019 - 10:09

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оид ба омори муроҷиатҳо вобаста ба истифодаи имконпазири шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар панҷ соли охир (2015-2019) видеографика омода намуд. Ҳар сол даҳҳо нафар аз истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят мекунанд. Ва танҳо дар ҳолатҳои алоҳида аз рӯи моддаи 143, эзоҳи 1 (“Шиканҷа”)-и...

25.12.2019 - 23:49

Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” бо дастгирии молиявии Барномаи ҳуқуқии Бунёди «Ҷомеаи Кушода» ба амалисозии лоиҳаи «Мусоидат ба риояи ҳуқуқҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона» оғоз намуд. Дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба риояи ҳуқуқҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона», ки бо дастгирии молиявии Барномаи ҳуқуқии Бунёди «Ҷомеаи Кушода»...

25.12.2019 - 15:38

Страницы