Article Pages

Агар шумо ҷонибдори риоя шудани ҳуқуқи инсон бошед ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши воло шуморед, пас метавонед аз хэштеги #Якҷоябароиҳуқуқиинсон  ва  #ЭътилофизиддишиканҷадарТоҷикистон дар зери шарҳу бознашрҳоятон аз матолиби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон истифода бубаред.           

10.12.2019 - 19:52

Рӯзи душанбе, 9-уми декабр, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар чор ноҳияи пойтахт дар доираи аксияи «Якҷоя барои ҳуқуқи инсон» бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон (Human Rights Day) дар марказҳои савдои пойтахт флешмоб ва викторина гузаронид. Дар арафаи Рӯзи ҳуқуқи инсон (Human Rights Day), 9-уми декабр, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар...

10.12.2019 - 11:20

Рӯзи сешанбе, 10-уми декабр, дар барномаи мустақими рӯзонаи «Меҳмони студия» дар радиои Asia-Plus дар доираи чорабинии «Якҷоя барои ҳуқуқи инсон» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ҳуқуқшиносон ба суолҳои радиошунавандагон посух гуфтанд. 10-уми декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон (Human Rights Day)-ро қайд кард. Дар доираи аксияи “Якҷоя барои ҳуқуқи инсон”, ки аз...

09.12.2019 - 23:29

Душанбе, 9-уми декабри соли 2019. Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» аз номи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин мониторинги муассисаҳои пенитенсиарӣ дар Тоҷикистонро гузаронид. Ҳадафи мониторинг амалисозии усулҳои коркард ва мубориза бо экстремизм ва...

09.12.2019 - 22:00

Тибқи қарори 47/3-и Ассамблеяи Генералии СММ аз 14-уми октябри соли 1992, ҳамасола 3-юми декабр дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии маъюбон қайд карда мешавад. Мақсади он пешбурди ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи доираи васеи ҷомеа ба мушкилоти шахсони дорои маъюбият ба шумор меравад. Хурсандиовар аст, ки дар Тоҷикистон қайд кардани ин...

03.12.2019 - 14:54

Вакили дифои Фарҳод Нурхонов, афсари собиқи милисаи Душанбе, ки ба сӯистифода аз мақом ва шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳам мешавад, мегӯяд, зерҳимояааш ба касе зӯроварӣ накардааст. Муҳокимаи подполковники милиса ва чанд ҳамроҳи ӯ дар Душанбе идома дорад ва додситон хостааст, ки ӯ барои бадрафторӣ бо муттаҳамон ва сӯистифода аз мақом ба солҳои тулонии зиндон маҳкум шавад. Абдукарим...

01.12.2019 - 13:11

Дар Тоҷикистон якҷоя нигоҳ доштани калонсолонро бо наврасҳо дар боздоштгоҳ манъ карданд. Тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»-ро палатаи поёнии парлумон (Маҷлиси намояндагон) 28-уми ноябр қабул кард,- иттилоъ медиҳад «Азия-Плюс». Тибқи тағйирот, дар тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва тавқифгоҳҳои муваққатӣ дар як камера...

28.11.2019 - 22:40

Моҳи панҷум аст, ки дар Суди Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати се корманди собиқи милисаи шаҳри Турсунзода бо иттиҳоми шиканҷа идома дорад. Парванда аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон таҳқиқ ва ба суд ирсол шудааст. Мақомоти прокуратура кормандони собиқи милиса Шералӣ Азизов, Саъдӣ Давлатмуродзода (қаблан Меликов) ва Эраҷ Наимовро бо он айбдор намудааст, ки онҳо моҳи...

27.11.2019 - 17:41

Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон талаб кард, ки чаҳор маъмури пешини Раёсати корҳои дохилии Душанберо аз 15 то 23 сол зиндонӣ кунанд. Ин афрод ба шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳаманд. Худи онҳо дар мурофиаҳои додгоҳӣ иттиҳомотро рад кардаанд. Муҳокимаи Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин се моҳ боз дар додгоҳ идома дорад. Рӯзи 22-юми ноябр намояндаи...

25.11.2019 - 00:06

Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал аз давлати Тоҷикистон хостааст, барои бадрафторӣ бо як шаҳрванд ва азияти равонии ҳамсари ӯ ба ҳарду ҷуброни маънавӣ бипардозад ва онҳоеро, ки ҳуқуқи ин шаҳрвандонро помол кардаанд, ба ҷавобгарӣ бикашад. Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал аз давлати Тоҷикистон хостааст, барои бадрафторӣ бо як шаҳрванд ва азияти равонии ҳамсари ӯ ба ҳарду ҷуброни маънавӣ...

24.11.2019 - 10:59

Страницы