ММҲҲИ барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни шиканҷа фаъолияташро идома медиҳад

Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” бо дастгирии молиявии Барномаи ҳуқуқии Бунёди «Ҷомеаи Кушода» ба амалисозии лоиҳаи «Мусоидат ба риояи ҳуқуқҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона» оғоз намуд.

Дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба риояи ҳуқуқҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона», ки бо дастгирии молиявии Барномаи ҳуқуқии Бунёди «Ҷомеаи Кушода» роҳандозӣ гардидааст, гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои марказҳои матбуотии мақомоти давлатӣ, рӯзноманигорон, намояндагони ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешбинӣ мешавад. Ҳамин тавр, зиёда аз 80 нафар рӯзноманигорон аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ ва миллии озодӣ аз шиканҷа баҳри омода намудани матолиб барои радиову телевизион, инчунин ВАО-и чопӣ ва нашрияҳои интернетӣ омӯзиш хоҳанд гузашт.

Инчунин, рӯзноманигорон ва блогерҳо дар доираи лоиҳа оид ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо, гузаронидани тадқиқотҳои журналистӣ вобаста ба парвандаҳои марбути шиканҷа тариқи ҳамкорӣ бо адвокат тренинг мегузаранд.

Ҳамзамон, дар назди Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” қабулгоҳи ҳуқуқии махсусгардонидашуда оид ба расонидани кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ амал менамояд, ки онҷо ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо машварати шифоҳиву хаттӣ, инчунин роҳнамоии ҳуқуқӣ дар мақомоти судӣ расонида мешавад.

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии Барномаи ҳуқуқии Бунёди «Ҷомеаи Кушода» амалӣ карда мешавад.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ метавонед ба ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» муроҷиат намоед. Тел: +992 446 25 76 11, E-mail: ichrp.tj@gmail.com

 

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»

NoTorture.Tj