Article Pages

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тоҷикистониёнро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 1-уми июн табрик мегӯяд! Дар рӯзи аввали тобистони офтобӣ мо иди асосии бачагон - Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро қайд мекунем. Кӯдакон азизтарин, бебаҳотарин, поктарин ва дурахшонтарин фардҳои сайёраи моянд. Бигзор ҳар як кӯдак хушбахт, хандон ва солим бошад!...

01.06.2024 - 12:16

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» чорабинии иттилоотиии «Конститутсияи худро бидон!»-ро эълон менамояд. Конститутсия қонуни бунёдии давлатист, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва донистани моддаҳои ин қонун барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон...

01.06.2024 - 11:15

Дар қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми июни соли 2012 "Дар бораи татбиқи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва ҷиноятӣ-мурофиавӣ барои мубориза бо шиканҷа» таҷрибаи судӣ оид ба татбиқи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва ҷиноятӣ-мурофиавӣ барои мубориза бо шиканҷа инъикос гардидааст. Он дорои тавзеҳоти роҳнамоӣ мебошад, ки барои судҳо, шахсони мансабдор ва дигар мақомоти қонунгузор...

30.05.2024 - 17:37

Имрӯз солгарди пурандуҳи боздошти ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқи инсони тоҷик Манучеҳр Холиқназаров аст. Ӯ 28-уми майи соли 2022 боздошт шуда, ду сол боз дар зиндон аст ва барои фаъолияташ дар самти ҳуқуқи инсон 16 соли зиндонро сипарӣ мекунад. Созмонҳое, ки ин изҳоротро нашр кардаанд - Шарикии байналмилалии ҳуқуқи инсон (IPHR), Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, Бунёди...

28.05.2024 - 18:11

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кулли адвокатҳову ҳуқуқшиносонро бо иди касбиашон - Рӯзи адвокатура - 26-уми май табрик мегӯяд! Бароятон дар арсаи ҳуқуқӣ муваффақият таманно дорем, бигзор далелҳои шумо боварибахштарин ва қарорҳои шумо мантиқитарин бошанд. Орзумандем, ки дар ҳар як кор бовариву устуворӣ ҳамқадаматон бошад, ҳар рӯз бароятон музаффарият ва...

24.05.2024 - 15:25

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тоҷикистониёнро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23-юми май табрик мегӯяд! Ҷавонон оянда ва имрӯзи кишваранд. Онҳо умеду такягоҳи давлатанд. Бигзор роҳи ҳаёти шумо бо имкониятҳои зиёд, ғояҳои эҷодӣ ва шиносоиҳои ҷолиб мунаввар гардад. Таманно дорем, ки дар роҳи орзуҳоятон фаъолу далер, дар фаъолият суботкору меҳнатдӯст бошед....

23.05.2024 - 11:11

10-уми декабри соли 1984 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ (қатъномаи A/RES/39/46) Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо қабул карда шуд, ки 26-уми июни соли 1987, баъди тасдиқ гардидан аз тарафи 20 давлат ба қувваи қонунӣ даромад. Соли 1997 Ассамблеяи Генералии СММ оид ба қайд кардани рӯзи 26-уми июн дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи...

21.05.2024 - 10:06

Таҳлили муроҷиатҳои ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тайи се соли охир воридшуда нишон медиҳад, ки бештари шаҳрвандон аз шиканҷаву муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шикоят доранд. Ҳамин тариқ, дар соли 2021 аз 23 аризаи ба Эътилофи зидди шиканҷа воридшуда 21 адад нисбати кормандони корҳои дохилӣ, як ариза нисбати Сарраёсати...

20.05.2024 - 10:45

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ ба мониторинги мустақили риояи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои ислоҳии кишвар шуруъ кардааст. Мониторинг дар доираи ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТсурат мегирад. Мақсади асосии гузаронидани мониторинги мустақили ҷамъиятӣ дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон назорат ва санҷиши риояи...

17.05.2024 - 11:07

Дар соли 2023 шумораи ҳолатҳои ҳуҷҷатгузоришудаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона коҳиш ёфт, бо вуҷуди ин, ташкилотҳои узви Эътилоф фаъолияти худро идома дода, масъалаҳои раҳоӣ аз шиканҷаро ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳам дар амал пеш мебурданд. Яке аз дастовардҳои муҳим ҷиҳати пешбурди такмили қонунгузорӣ оиди раҳоӣ аз шиканҷа ин эътибор пайдо кардани Кодекси нави граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон...

16.05.2024 - 17:53

Страницы