Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
18-уми июли соли 2024 аз соати 15:00 то 17:00 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо мақсади маърифатноксозии ҳуқуқии доираи васеи ҷомеа дар масоили ҳуқуқи инсон дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои аҳолӣ машварати сайёри ҳуқуқӣ баргузор намуд.
Чорабинии мазкур ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бахшида шудааст.
Дар доираи ин чорабинӣ 9 нафар барои дарёфти машварати ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд. Дар рафти чорабинӣ ҳуқуқшиносон оид ба масъалаҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ ва шаҳрвандӣ, озодӣ аз шиканҷа, инчунин ҳуқуқҳои мурофиавии ҷиноятӣ, аз ҷумла масъалаҳои ҳифзи иштирокчиёни истеҳсолоти судии ҷиноятӣ, муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ, замин ва шаҳрвандӣ машварати ҳуқуқӣ доданд. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчунин барои муроҷиат ба Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маълумоти тамос пешниҳод намуданд.
Ҳуқуқшиносон инчунин ба шаҳрвандон ҳуқуқҳои боздоштшудагон ва онҳоеро, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, фаҳмониданд.