Ирсоли парвандаи пулиси "бадрафтор" аз Ёвон ба Додгоҳи Хатлон

Ирсоли парвандаи пулиси "бадрафтор" аз Ёвон ба Додгоҳи Хатлон

Додгоҳи ноҳияи Ёвон парвандаи пурсару садои маъмури пулис Машраб Алиевро ба Додгоҳи Хатлон фиристод.

Шодмон Алиев, раиси додгоҳи ноҳияи Ёвон рӯзи шанбе ба "Озодӣ" гуфт, парвандаи ҷиноии корманди милисаи ноҳияи Ёвон Машраб Алиев, ки дар ҳафтаи гузашта бо амри Додгоҳи олӣ дубора дар Додгоҳи Ёвон ба баррасӣ гирифта шуд, бинобар беэътимодии айбдоршаванда нисбати додгоҳ, ба Суди вилояти Хатлон ирсол шуд.

Ҷаноби Алиев афзуд, азбаски ин парванда дар ибтидо дар Додгоҳи ноҳияи Ёвон баррасӣ шуда буд, айбдоршаванда Машраб Алиев бо назардошти имкони тақаллуб дар баррасии парванда, ба Додгоҳи Ёвон эътироз овард, то мурофиаи ӯ дар додгоҳи дигар баррасӣ шавад ва ин хоҳиши ӯро қонеъ гардонида шуд.

Афсари милиса Машраб Алиев моҳи апрели соли гузашта як сокини ноболиғи деҳаи Кӯлободи ҷамоати Чоргули ин ноҳияро, ки номаш бо хоҳиши хонаводааш оварда намешавад, ба гумони дуздӣ боздошт карда, бо латту кӯб ва шиканҷа ӯро маҷбур мекунад, ки гуноҳи дуздиро ба гардан гирад.

Баъди чунин «сӯҳбат» дар шӯъбаи корҳои дохилӣ ин наврас аз тарс худро дар болохонаи манзилашон ба дор меовезад, вале волидонаш ӯро саривақт пайдо кардаву аз ҳалқаи дор раҳо мекунанд. Ин наврас танҳо баъди 3 ҳафтаи табобат дар бемористон ба худ меояд.

Додгоҳи Ёвон дар моҳи сентябри соли гузашта Машраф Алиевро тибқи банди «шиканҷа»-и моддаи 143-юми Кодекси ҷиноятӣ бо ҷурми зӯроварӣ ва шиканҷа нисбат ба ноболиғ 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ба гуфтаи Шодмон Алиев, раиси додгоҳи ноҳияи Ёвон, «илова ба ин, додгоҳ беш аз 1500 сомонӣ барои табобати ҷабрдида ҷарима таъин кард.

Аммо бо шикояти волидони ҷабрдида, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев ба Додгоҳи вилояти Хатлон нисбат ба ҳукми Додгоҳи Ёвон эътироз оварда, онро бекор кард ва бо назардошти судури ҳукми сабук алайҳи корманди милиса, ки аз доираи вазифааш берун рафта, нисбат ба як ноболиғ бадрафторӣ кардааст, парвандаро дубора ба Додгоҳи ноҳияи Ёвон фиристод, ки аз нав таҳқиқ кунанд.

Ozodi