Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Афви Байналмилал аз хукми суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, ки нозири минтақавии шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии ин ноҳияро барои истифодаи шиканҷа тибқи моддаи 143.1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор намуд, истиқбол мекунад. Нозири минтақавӣ барои дар таърихи 27 апрели соли 2012 озору шиканҷа додани ноболиғи 17-сола ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Дар изҳороти интишоршудаи созмон зикр мегардад, ки баъди моҳи марти соли равон ба қонуни ҷиноятии кишвар ворид намудани ҷинояти шиканҷа, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ аст, бори аввал аст, ки намояндаи мақомот барои содиркунии ин ҷиноят гунаҳкор дониста шуда, ҷазо гирифт. «Ҳамчунин, бори аввал дар Тоҷикистон шахси ҷабрдида сазовори ҷуброни муносиб гардид: дар хусуси ҷуброни 1619 сомонӣ зарари молиявие, ки зимни табобат ба вай расонида шуда буд, қарор карда шуд», - омадааст дар изҳорот.
Маврид ба ёдоварист, ки санаи 27 апрел ноболиғи 17-сола ба гумони дуздӣ аз тарафи корманди милитсияи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дастгир гардида, дар шуъбаи навбатдории милитсияи Ёвон бе иштироки ҳимоятгар пурсида шуд. Барои ба ҷиноят иқрор шудан вай эҳтимолан мавриди лату кӯб қарор гирифта буд. Санаи 28 апрел вайро такроран ба шуъбаи милитсия даъват намуда, тибқи иддао озору шиканҷаро давом доданд. Ноболиғ дар хусуси ин лату кӯб ба касе чизе нагуфт, вале санаи 29 апрел қасди худкушӣ намуд. Вай зинда монда, ба бемористон оварда шуд. Санаи 30 апрел ташхиси тиббӣ ва 28 май ташхиси судии тиббӣ гузаронида шуда, маълум гардид, ки ба вай зарари ҷиддии ҷисмонӣ расонида шудааст.
Нозири милитсия ҳамчунин тибқи моддаи 316 Кодекси ҷиноятӣ барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гунаҳкор дониста шуд. Вай аз ҳаққи кор кардан дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ ба муддати панҷ сол маҳрум гардид.
Мувофиқи изҳороти ҷонишини Прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидов аз 23 июл, дар давоми шаш моҳи соли 2012 ба Прокуратураи генералӣ 17 шикояти истифодаи шиканҷа ворид гардид. Аз ин шумора шаш ҳолат тасдиқи худро ёфта, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, гарчанде ки танҳо як парванда мувофиқи моддаи 143.1, яъне шиканҷа оғоз гардидааст. Панҷ парвандаи боқимонда ҳолатҳоеро дар бар мегиранд, ки пеш аз тағйири қонуни ҷиноятӣ рух додаанд ва аз ин сабаб, нисбати он намояндагони мақомоти бехатарӣ, ки ин кирдорҳоро содир кардаанд, мувофиқи моддаи 316 – «баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ» айб эълон карда шудааст.
Дар изҳорот гуфта мешавад, Афви Байналмилал аз ин хукм ҳамчун нишони мусбии иқдоми ҷиддии мақомоти Тоҷикистон дар барҳам додани амалияи устуворшудаи шиканҷа истиқбол мекунад.
«Ҳамзамон, ба созмон воридшавии ахбори истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои бадрафторӣ барои иқроршавӣ ба ҷиноят идома дорад. Хусусан, набудани тартиби муайяни дастрасӣ ба ҳимоятгар дар давраи тафтиши пешакӣ боиси нигаронист. Мувофиқи қонун ашхос аз лаҳзаи дастгир шудан ҳуқуқи ҳимояро доранд, вале дар амал дастрасӣ ба химоя аз раҳму шафқати муфаттишон вобастагӣ дорад ва онҳо метавонанд ба вохӯрии ҳимоятгарон бо муштариёнашон ба муддати чандин рӯз монеъ шаванд», - баён мегардад дар изҳорот.
Ҳамчунин таъкид мегардад, ки дар ин марҳилаи боздошт бидуни васоити иртибот бо олами беруна хавфи мавриди шиканҷа ва дигар бадрафторӣ қарор гирифтан хеле бузург аст. Таҳқиқи Афви Байналмилал нишон медиҳад, ки шиканҷа ва дигар бадрафторӣ дар парвандаҳои ашхосе, ки барои ҷиноятҳои марбут ба амнияти миллӣ дастгир шудаанд, зиёд ба назар мерасанд.
«Афви Байналмилал аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунад, ки тафтишоти фаврӣ, мустақил ва ҳаматарафаи тамоми парвандаҳои вобаста ба шиканҷа ва дигар бадрафториро таъмин намоянд», - зикр мегардад дар фарҷоми изҳорот.