Article Pages

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Ҳисоботи солонаи худро барои соли 2025 муаррифӣ мекунад. Дар ҳисобот натиҷаҳои асосии фаъолияти Эътилоф дар самти пешгирии шиканҷа, расонидани ёрӣ ба қурбониён, мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, татбиқи қонунгузорӣ, ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ ва механизмҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон, инчунин амалисозии тадбирҳои...

22.07.2026 - 09:18

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Оё мақомоти тафтишот вазифадор аст, ки далели боздоштро фавран ба қайд гирифта, хешу таборро огоҳ созад? ПОСУХ: Бале. Мувофиқи моддаи 91-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лаҳзаи боздошти воқеӣ бояд дар протокол сабт...

14.07.2026 - 11:14

Қабули қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027-2036», ки ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, далели равшани эътирофи сиёсати сулҳпарварона, созанда ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар...

09.07.2026 - 11:11

17-уми июни соли 2026 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (№2260) қабул гардид, ки тағйирот ба таҳкими назорати судӣ аз болои амалҳои мақомоти таъқиби ҷиноятиро пешбинӣ мекунад. Тибқи муқаррароти нав, суд ваколатдор аст, ки шикоятҳоро нисбати қарори прокурор оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ баррасӣ намояд ва...

09.07.2026 - 11:08

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Амнияти шахсии маҳкумгардидагон чӣ гуна таъмин карда мешавад? ПОСУХ: Маҳкумгардидагон ҳуқуқ ба амнияти шахсӣ доранд; дар сурати таҳдид ба ҳаёт ё саломатӣ онҳо метавонанд барои интиқол ба ҷойи бехатар ба маъмурият муроҷиат намоянд,...

09.07.2026 - 11:06

17-уми июни соли 2026 ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (№ 2258) тағйирот ворид карда шуд, ки метавонанд ба таҳкими ҳимояи судии ҳуқуқҳои шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона мусоидат намоянд. Тибқи тағйирот, раисони судҳо уҳдадоранд шаҳрвандонро шахсан қабул намуда, баррасии муроҷиатҳои онҳоро ташкил кунанд....

08.07.2026 - 10:57

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Назорати прокурорӣ аз болои қонунияти боздошт ва иҷрои ҷазо аз чӣ иборат аст? ПОСУХ: Прокурор қонунияти амалҳои мақомот, шароити нигоҳдорӣ ва риояи ҳуқуқи инсонро месанҷад. Назорати риояи қатъӣ ва иҷрои якхелаи қонунҳо ҳангоми...

06.07.2026 - 15:12

Аз 30 июн то 2 июл дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Конгресси нуҳуми ҷаҳонӣ зидди ҷазои қатл доир гардид, ки дар кори он Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иштирок намуд. Тавре аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конгресс дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ислоҳоти судӣ –ҳуқуқӣ, гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ пас аз боздоштани ҷазои қатл...

03.07.2026 - 14:55

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Ҳуқуқи маҳкумшудагон ба муроҷиат бо шикояту аризаҳо чӣ гуна амалӣ мегардад? ПОСУХ: Маҳкумшудагон метавонанд ба маъмурияти муассиса, суд, прокуратура ва дигар мақомот муроҷиат намоянд. Мақомот ва шахсони ваколатдоре, ки ба онҳо...

02.07.2026 - 11:22

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ мулоҳизаҳои ниҳоии худро пас аз баррасии гузориши даврии чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа нашр намуд. Гузориши Тоҷикистон дар ҷаласаҳои 2238 ва 2241-уми Кумита, ки рӯзҳои 14 ва 15-уми апрели соли 2026 баргузор гардиданд, баррасӣ шуд. Мулоҳизаҳои ниҳоӣ 27-уми апрели соли 2026 дар ҷаласаи 2256-уми Кумита қабул карда шуданд. Масъалаҳои...

30.06.2026 - 11:30

Страницы