Кашолкорӣ дар ташхиси марги маҳбус

Кашолкорӣ дар ташхиси марги маҳбус

Бо гузашти ёздаҳ рӯз аз марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси 27-солаи муассисаи ислоҳии №1-и назди Вазорати адлияи Тоҷикистон, хулосаи ташхиси судии марҳум ба хонаводааш дода нашудааст. 

Ҷасади Ҳамза Икромзодаро, ки бинобар гуфтаи наздиконаш, дар натиҷаи латукӯби масъули маҳбас ба ҳалокат расидааст, 20-уми сентябри соли ҷорӣ ташхис карда буданд. Мебоист аз натиҷаи ташхиси марҳум наздиконаш на дертар аз 10 рӯзи баъди ташхис огоҳ карда мешуданд.

Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода ба ТоjNews гуфт, ки то ҳол ҳеҷ санаде дар бораи ташхиси ҷасади писарашро ба даст нагирифтааст.  

Рустам Менглиев, вазири адлияи кишвар ба TojNews гуфт:

- Ҳоло дар ду самт нисбати марги Ҳамза Икромзода тафтишот рафта истодааст. Аз тарафи Вазорати адлия ва Прокуратураи генералӣ ҳолати ба марг расидани маҳбус таҳқиқ мешавад. Санҷишҳо нисбати фаъолияти кории масъулони маҳбасхонаи №1 анҷом шудаанд. Аммо дар маҳбасхонаҳои кишвар ҳолати истифода аз шиканҷа дар нисбати маҳбусон вуҷуд надорад. Агар шиканҷа бошад, беҷавоб нест. Агар дар ҷараёни тафтишот аломатҳои истифодаи шиканҷа дар марги Ҳамза Икромзода исбот шавад, айбдорони амал ҷазо мегиранд.

Вай ҳамчунин афзуд, ки бо тавсияи Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид, барномаи алоҳидаи мубориза бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар ҳоли таҳия шудан аст. Ин барнома ҳама гуна усулҳои истифодаи шиканҷа дар нисбати инсонро маҳкум мекунад. Ин дар ҳолест, ки Вазорати адлияи Тоҷикистон сабаби марги Ҳамза Икромзодаро худкушӣ унвон карда буд.

Ҳодисаи марги Ҳамза Икромзода ба рӯзҳое иттифоқ афтод, ки дар ҷаласаи Варшава оид ба нақзи ҳуқуқи инсон Тоҷикистон гузориш медод. Сергей Романов, адвокати Исмоил Бачаҷонов, як тан аз маҳбусон, ки дар ҳабс ҳалок шуда буд, аз шиканҷа ва ҳодисаҳои марги маҳбусон бар асари шиканҷаи масъулони маҳбас ва боздоштгоҳҳо дар Варшава изҳори нигаронӣ кард.

Наздикони Ҳамза Икромзода бо талаби таҳқиқи одилонаи марги маҳбус ба парламент, Прокуратураи генералӣ ва ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардаанд.     

 

TojNews