Қатъ намудани шиканҷа дар Осиёи Марказӣ: на танҳо дар қоғаз, балки дар амал.

26-уми июн

29-уми майи соли 2020, ҳангоми оварда расонидани Алиҷон Абдукаримов, соҳибкори 44-сола ва падари се фарзанд ба шӯъбаи корҳои дохилии № 4 ш. Андиҷон (Ӯзбекистон) ӯ солим буд.

Аммо, ба ӯ мустақилона рафтан аз шӯъбаи милитсия насиб нагашт. Ӯ барои айбдоркунӣ дар дуздӣ ба пурсиш даъват шуда, худи ҳамон бегоҳ аз ҷониби якчанд кормандони милитсия бераҳмона лату кӯб гардид ва мавриди шиканҷа қарор гирифт. Субҳи рӯзи дигар, мошини ёрии таъҷилӣ ӯро ба беморхона оварда расонд, ки дар он ҷо, ду ҳафта пас, 11 июн, ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта вафот кард. Чанд рӯз пеш аз марги Алиҷон Абдукаримов хоҳараш тавонист, ки ӯро дар беморхона аёдат намояд ва дар он ҷо ӯро дар кома пайваст ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайдо намуд. Дар расмҳои гирифтаи ӯ дар тамоми бадан, аз ҷумла дастҳо, кундаи сина  ва пойҳо хуномос дида мешаванд. Чашми чап ҳанӯз ҳам  хеле варамида буд. «Ин бародари ман аст», - гуфт ӯ: «Вай чанд рӯз пеш бо вазъи саломатии хуб аз хона баромада буд, ҳоло бошад дар ин ҷо хобидааст. Ба захмҳои пойҳо ва шиками ӯ нигаред. Бародарам ҷон дода истодааст».

Танҳо санаи 13-уми июн, Прокуратураи генералии Ӯзбекистон бо изҳороти расмӣ баромад намуд ва дар он қайд гардид, ки 30-юми май Алиҷон Абдукаримовро ба маркази ёрии таъҷилии тиббӣ оварда расонданд ва се корманди Раёсати корҳои дохилии Андиҷон бинобар айбдоршавӣ дар аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баромадан, ғайриқонунӣ дастгир намудан ва шиканҷа боздошт гардидаанд. Аммо, бо вуҷуди изҳороти ҳокимияти Ӯзбекистон, ки тафтишот таҳти назорати онҳо қарор дорад, дар хонаи ҷабрдида мунтазам кормандони прокуратура ҳозир мебошанд, ки дар навбати худ барои мулоқоти аъзоёни оилаи ӯ бо ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон, блогерҳо ё журналистон монеа эҷод менамоянд.

Шиканҷа ва муносибати бераҳмона яке аз кӯҳантарин «эпидемияи ҷомеа» ба ҳисоб рафта, дар саросари панҷ кишвари Осиёи Марказӣ боиси мушаввашии ҷиддӣ мегарданд. Садҳо нафар дар асоси иқрорҳое, ки таҳти фишор ба даст оварда шудаанд, айбдор ва маҳкум карда мешаванд; дар ҳоле ки қурбониёни сершумори шиканҷа ва хешовандони онҳо, бинобар тарси таъқиботи эҳтимолӣ, шикоят намекунанд ва аз дилхоҳ умеди тавассути низоми адлияи ҷиноӣ ноил гаштан ба адолат даст мекашанд. Аксар вақт, хешовандон дар ин бора танҳо агар шахс дар натиҷаи шиканҷа вафот кунад сухан меронанд, чун дар ҳолати Алиҷон Абдукаримов.

Қурбониёни шиканҷа ҳам мардон ва ҳам занон, аз ҷумла кӯдакон ва пиронсолон шуда метавонанд. Парвандаи «Наргис»[1] аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ҳуҷҷатнок гардидааст. Дар аввали моҳи августи соли 2019 Наргиси 25-сола аз ҷониби кормандони милитсия барои айбдоркунӣ бо дуздӣ дар хонаи холааш (амааш) дар ноҳияи Вахш дастгир карда шуд. Чун хабар дода мешавад кормандони милитсия Наргизро бо пойҳояшон, муштҳояшон зада, ба девор партофтаанд, то он даме, ки ӯ беҳуш шуд. Вақте ки ӯ ба ҳуш омад, яке аз кормандони милитсия ба сурини ӯ сӯзандору гузаронид ва дигараш ӯро таҷовуз кард. Кормандони милитсия ваъда доданд, ки агар ӯ худро гунаҳгор эътироф намояд, ӯро озод мекунанд. Аз ноилоҷӣ ва дарди шадид, Наргис маҷбур шуд, ки ба ҷиноят «иқрор шавад» ва якчанд ҳуҷҷатҳоро ҳатто нахонда имзо намояд, пас аз он ба вай иҷозат доданд, ки шӯъбаро тарк намояд. Рӯзи дигар, Маркази ташхиси судиву тиббӣ ҷароҳатҳои ҷисмонии Наргисро ба қайд гирифт ва дар баробари ин изҳор намуд, ки онҳо «ба саломатӣ [ӯ] зараре намерасонанд». Дар робита бо айбдоркунӣ дар таҷовуз ягон муоинаи тиббӣ ё табобат гузаронида нашудааст. То имрӯз ҳеҷ кадоме аз ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд[2].

Дар соли 2019, Эътилофҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа дар Осиёи Марказӣ 205 ҳолатҳои нави марбут ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмонаро дар Қазоқистон ва 52 ҳолатҳои навро дар Тоҷикистон ба қайд гирифтаанд. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа дар Қирғизистон 27 ҳолати шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро ба қайд гирифтааст. Дар Ӯзбекистон ва Туркманистон, бинобар хусусияти пӯшидаи тартибот, фаъолон натавонистанд маълумотҳои омории саҳеҳро дар саросари кишвар ҷамъоварӣ намоянд. Дар моҳи июни соли 2020 Омбудсмени Ӯзбекистон Улуғбек Муҳаммадиев гуфт, ки дар соли 2019, 138 ҳолати шиканҷа ба қайд гирифта шудааст.

Имрӯз, 26-уми июн, Рӯзи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои дастгирии қурбониёни шиканҷа мебошад. Дар ин рӯз Эътилофи зидди шиканҷа дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ (AHRCA, Ӯзбекистон, ки дар бадарға дар Фаронса қарор дорад), Ташаббуси Туркманистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон (TIHR, Туркманистон, ки дар бадарға дар Австрия қарор дорад), Фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон (Полша) ва Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (ҲБҲИ) ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказиро даъват менамоянд, ки кӯшишҳои худро то андозаи назаррас барои решакан кардани шиканҷа на танҳо дар қоғаз, балки дар амал тақвият бахшанд!

Пайи солҳои зиёд, гурӯҳҳои маҳаллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ба мушкилоти шиканҷа пайваста таваҷҷӯҳ ҷалб менамоянд ва тавонистанд, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил шаванд. Гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ садҳо нафар қурбониёнро дар муборизаи онҳо барои адолат дастгирӣ кардаанд, тавсияҳои сиёсиро таҳия намудаанд, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки бо мақомотҳои миллии қонунгузорӣ муколама ба роҳ монанд ва тағиротро дар сатҳи байналмилалӣ ҷонибдорӣ намудаанд. То андозаи назаррас ба туфайли ин кӯшишҳо, даҳҳо нафар қурбониён ба адолат ноил гаштанд ва шахсони гунаҳгор ҷазо гирифтанд; дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон амсолҳо ташкил карда шуданд, вақте ки қурбониёни шиканҷа ё оилаҳои қурбониёни ҳалокшуда ҷуброн барои зарари маънавӣ мегиранд. Масалан, дар моҳи декабри соли 2019 дар Қирғизистон, Суди округии Бишкек давлатро ӯҳдадор намудааст, ки ба қурбонии шиканҷа Анарбек Улу Есенбеки 25-сола як миллион сом/12 917 евро ҳамчун зарари маънавӣ пардохт кунад. Дар Қазоқистон, бинобар манъ гардидани ташриф ба ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс, ки дар доираи мубориза бар зидди пандемияи ковид 19 пешбинӣ гардидааст, Эътилофи зидди шиканҷа якҷоя бо Омбудсмен онлайн-мониторинг ташкил намуданд. Ғайр аз ин, Эътилоф тавонист, ки ба маҳбусон дастрасиро ба хати доимамалкунандаи Иттиҳоди марказҳои бӯҳронӣ таъмин намояд.

Бо вуҷуди ин, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ на ҳама вақт метавонанд бо ҳокимият ҳамкорӣ намоянд: дар бисёр кишварҳои Осиёи Марказӣ фазо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста маҳдуд карда мешавад, дар ҳоле ки фаъолияти ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон таҳти хатари зиёд қарор дорад. Масалан, дар моҳи апрели соли 2019, шахсони номаълум ба идораи ТҒД «Спектер», узви Эътилофи зидди шиканҷа дар Қирғизистон оташ заданд ва як моҳ пас нӯҳ нафар барои барҳам додани маҷлиси Эътилоф кӯшишҳои бадқасдона намуданд, ҳимоятгарони ҳуқуқро дар ҳамкорӣ бо кишварҳои ғарбӣ барои ба бесарусомонӣ расонидани Қирғизистон айбдор карданд.

Бояд қайд кард, ки дар самти таҳкими қонунгузорӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа, махсусан дар Қирғизистон ва Тоҷикистон пешравӣ ба даст оварда шуд. Тоҷикистон Нақшаи амали миллиро барои иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ зидди шиканҷа, Барномаи ислоҳоти судӣ ва Дастурамал оид ба назорати прокурорӣ нисбати қонунӣ будани пешгирӣ, ошкор ва таҳқиқи шиканҷа қабул кардааст. Илова бар ин, моҳи январи соли 2020 тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ эътибори қонунӣ пайдо кард, ки ҷазои ҷиддитарро барои шиканҷа пешбинӣ менамоянд. Дар Қирғизистон Нақшаи амал дар соҳаи ҳуқуқи инсон қабул карда шудааст, ки дар он ворид намудани Протоколи Истанбулро ба кори табибоне, ки қурбониёни шиканҷаро муоина менамоянд, пешбинӣ мегардад.

Бо вуҷуди ин, истифодаи шиканҷа идома дорад. Ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ чун пештара эътироф намекунанд, ки беқобилиятӣ дар решакан кардани шиканҷа ба эътимоди мардум зарари ҷуброннопазир мерасонад. Ҳокимияти судӣ дар ҳамаи панҷ кишвар мустақил нест ва чи дар қонунгузорӣ ва чи дар амал, мавқеи айбдоршаванда нисбат ба мавқеи айбдоркунӣ ошкоро заиф аст. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маҳбасҳо аксар вақт ба адвокатҳо барои вохӯрӣ бо шахси ҳимояшавандаи худ ва гузаронидани гуфтугӯи махфӣ монеъ мешаванд. Қурбониёни шиканҷа, адвокатҳо, табибон ва ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон ҳангоми хабар додан оиди шиканҷа, ба хатари ҷазо гирифтан аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дучор мегарданд. Ҳеҷ кадоме аз кишварҳо механизми мустақилро барои таҳқиқи ҳолатҳои шиканҷа таъсис надодааст. Ихтилофи манфиатҳо ба тафтишоти таъсирбахш ва саривақтӣ монеа эҷод мекунад (яъне тафтишотҳое, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ё прокурорҳои давлатӣ ва кормандони Вазорати корҳои дохилии дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ гузаронида мешаванд) ва ба баста шудани бисёр парвандаҳо, аксар вақт, сарфи назар аз далелҳои возеҳи муомилаи бераҳмона, оварда мерасонад. Тафтишот аксар вақт хусусияти махфӣ дорад, ки ба қурбониёни шиканҷа ва адвокатҳои онҳо барои самаранок ҳимоя намудани ҳуқуқҳояшон имконият намедиҳад. Ҳатто дар ҳолатҳое, ки парвандаҳо ба суд пешниҳод карда мешаванд, набудани шаффофият ва мурофиаҳои судии пӯшида дар судҳои ҳарбӣ, чун дар ҳолати Ӯзбекистон, ба беҷазоии шахсони содиркунандаи шиканҷа оварда мерасонад. Кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аксар вақт барои тафтишоти касбии ҷиноятҳо омодагӣ ва малакаи зарурӣ надоранд ва дар натиҷа аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона барои гирифтани иқрор ва сохтакории далелҳо истифода мебаранд.

Барои хотима бахшидан ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳокимиятҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд тарафдории худро ба сиёсати бетаҳаммулии комил нисбати шиканҷа изҳор намоянд. Онҳо бояд маълумоти омории фарогирандаро оиди парвандаҳо ва тафтишот нашр кунанд, дастрасии пурраро барои мушоҳидони мустақил ба ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс таъмин намоянд, бо механизми Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди шиканҷа ҳамкориҳои асилро ба роҳ монанд ва масъалаҳои мустаҳкамгардидаи системавиро ошкоро ҳал намоянд. Вақти он расидааст, ки ба шиканҷа хотима бахшем. Давлатҳо бояд фавран амал кунанд ва чораҳои мушаххас андешанд. Ба ибораи дигар, онҳо бояд аз нақшаҳои амал ба амалҳои марбут ба решаканкунии шиканҷа на танҳо дар қоғаз, балки дар амал гузаранд!

Барои дарёфт намудани маълумоти иловагӣ оиди масъалаҳо, тавсияҳо ва парвандаҳои алоҳидаи қурбониёни шиканҷа дар Осиёи Марказӣ ба ҳуҷҷатҳои зерин нигаред:

ОСИЁИ МАРКАЗӢ:

ТОҶИКИСТОН:

  • Аризаи муштараки ТҒД дар доираи тартиби амалҳои минбаъдаи Кумитаи зидди шиканҷа пайдо кардан мумкин аст (https://www.iphronline.org/tajikistan-joint-ngo-submission- under-the-committee-against-torture-s-follow-up-procedure.html), Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ  зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва Фонди  Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон, моҳи марти соли 2020.
  • Шиканҷа, муносибати бераҳмона, ҷазои қатл ва ихтисор намудани фазо барои ТҒД, аризаи муштараки ТҒД ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар арафаи баррасии гузориши даврии сеюми Тоҷикистон дар ҷаласаи 126-ум дар моҳи июли соли 2019 (https://www.iphron- line.org/wp-content/uploads/2019/06/Tajikistan-torture-submission-1.pdf).

УЗБЕКИСТАН:


[1] Ин номи ҳақиқии ҷабрдида нест. Номи ҳақиқии ӯ бо мақсади бехатарӣ зикр карда намешавад.

[2] Шарҳи муфассали воқеаи мазкурро дар аризаи муштараки ТҒД дар доираи тартиби амалҳои минбаъдаи Кумитаи зидди шиканҷа пайдо кардан мумкин аст (https://www.iphronline.org/tajikistan-joint-ngo-submission- under-the-committee-against-torture-s-follow-up-procedure.html), Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ  зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва Фонди  Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон, моҳи марти соли 2020.

 

 

NoTorture.Tj