Қазияи "облава"-и муаллим дар синф ба додситонии Хатлон рафт

Мудири як мактаби деҳаи дурдасте дар Тоҷикистон баъди ҷалби маҷбурии омӯзгори 19-солаи мактаб аз амалкарди комиссариати ҳарбӣ ба додситонии низомӣ шикоят бурдааст.

Гулнора Хоҷаева, мудири мактаб рӯзи 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, афсарони ин ниҳод Шамсулло Султонов, омӯзгори 19-солаи таърихро ҳангоми дарс ва бо шеваи баде дастгир карда ва ба артиш бурдаанд, ки хилофи қонун аст.

“Муаллимро дар назди хонандагон задаанд, ҳатто сарашро ба девор задаанд. Талабаҳо бекор ҳастанд, чун муаллим нест, талабаҳо аз бедарсӣ ба бозӣ машғул ҳастанд” – гуфт Гулнора Хоҷаева.

Мудири мактаб гуфт, онҳо саъй мекунанд, ҷавононро ҳарчӣ бештар ба касби омӯзгорӣ ҷалб кунанд, вале амалкарди афсарони комиссариати ҳарбӣ кӯшишҳои онҳоро барбод медиҳанд.

"Мушкили кадрӣ дорем, талош мекунем, ки омӯзгорон ҷалб шаванд, вале касе кор намекунад. Вақте омӯзгорро бо азобу шиканҷа бурданд, ду омӯзгори ҷавон ба дарс ҳозир намешаванд, дар охири соли таҳсил хонандагон бе омӯзгор мондаанд. Ҳайронам, ки чӣ кор кунам” – афзуд Гулнора Хоҷаева.

Шамсиддин Султоновро рӯзи 14-уми май аз мактаб гирифта ба комиссариати низомӣ фиристодаанд аз онҷо ба артиш. Омӯзгори ҷавон, ки бар асоси қонун ҳақ дорад, то замоне, ки дар мактаб кор мекунад, ба артиш наравад, айни замон дар воҳиди низомии 08010 дар шаҳри Душанбе хизмат мекунад.

Дар додгоҳи низомии вилояти Хатлон рӯзи 25 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аризаи шикоятии мудири мактаб ба онҳо расидааст ва онҳо қазияро тафтиш мекунанд.

Томчӣ, деҳаи дурдасте дар миёни Вахшу Данғара чанд соли ахир аст, ки омӯзгори кофӣ барои мактаб намеёбад. Дар инҷо 103 нафар таҳсил мекунанд ва баъди ҷалби иҷборӣ ва ё “облава”-и ду омӯзгори ҷавони дигари мактаб ҳам ҳоло аз тарс ба мактаб намераванд.

Баъди шикояти мудири мактаби Томчӣ ба додситонӣ, чаҳор омӯзгор ҳамчун шоҳид бозпурсӣ шудаанд. Шамсиддин Султонов, бародари омӯзгори ҳоло сарбоз ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо баъди муроҷиати мудири мактаб ба додгоҳ даъват шудаанд ва мунтазири посух ҳастанд, ки чӣ мешавад.

Муборакшо Мирзозода, сардори комиссариати ҳарбии ноҳияи Вахш, дар мавриди шикояти дар бораи ҷалби омӯзгори ҷавон ба артиш ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар қонун зикр шудааст, ки омӯзгори деҳотро, ки онҷо омӯзгор намерасад, ба сарбози бурдан мумкин нест”.

Шамсулло Султонов баъди хатми мактаб ба шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, дар мактаби нӯҳсолаи деҳа ба ҳайси омӯзгори фанни таърих кор мекард.

Гулнора Хоҷаева мегӯяд, ӯ ва дигар омӯзгорон “зидди хидмати ҷавонон дар артиш нестанд, вале бояд шароити набуди омӯзгор дар деҳаро ба инобат бигиранд. Вай гуфт, “бори аввал нест, ки бо омӯзгорони ҷавони онҳо чунин рафтор мекунанд. “Чанд соли пеш маҷбурӣ омӯзгоро боздошт карданд, вале ман ӯро аз дохили мошин кашида баровардем" – мегӯяд, ӯ.

Дар Тоҷикистон хидмат дар сафи артиш ҳатмист ва ҷалби маҷбурии ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳар сол дар замони даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ мушоҳида мешавад.

Ҳарчанд вазорати дифо мегӯяд, ки сарбозонро набояд аз ин роҳ ба артиш баранд, вале хабари боздошти ҷавонон дар роҳу бозор ва нақлиёт ва бурдани онҳо ба артиш ҳар сол ба матбуот роҳ меёбад.

Яке аз сабабҳои аслии парҳези ҷавонони тоҷик аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳро бадрафтории сарбозони собиқадору афсарон бо сарбозони навомада медонанд.

Ozodi