Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Прокуроратураи генералии Тоҷикистон алайҳи якчанд корманди Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара дар робита ба қазияи марги Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ дар беморхонаи зиндон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Дар ин бора Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Ализода, ин парвандаи ҷиноятӣ баъди дархости Омбудсмен оғоз шуда, бояд омилони қатли Умедҷон Тоҷиев ҷазои сазовор гиранд.
Мавриди зикр аст, ки дар таърихи 31-уми январ бо изҳори нигаронӣ аз марги Умедҷон Тоҷиев Омбудсмени тоҷик аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон дархост карда буд, то қазияи Умедҷон Тоҷиев мунсифона баррасӣ шавад.
Ёдрас мешавем, ки дар таърихи 3-юми ноябри соли 2013 Умедҷон Тоҷиев, Зуҳур Иброҳимов ва Ғуфронҷон Шодиев аз ҷониби кормандони ШКД-и шаҳри Исфара бо иттиҳоми ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва ҳамдасти ба гуруҳи террористии "Ансоруллоҳ" боздошт шуда буданд.
Умедҷон Тоҷиев 2-юми ноябр бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфта, мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки ӯ худро аз ошёнаи сеюми бинои Шуъбаи корҳои дохилӣ ба зер афканда, талош кардааст, аз боздошт фирор кунад.
Адвокатҳои Тоҷиев гуфтанд, вай ба зарбу лат ва шиканҷаи кормандони милиса бо истифода аз нерӯи барқ тоб наоварда, худро аз тиреза ба берун партофтааст.
Шоми 19-уми январи соли ҷорӣ Тоҷиев дар беморхонаи зиндон дар Хуҷанд ҷон дод.