Ҳамсари Умаралӣ Қувватов аз Интерпол кӯмак хост

Ҳамсари Умаралӣ Қувватов аз Интерпол кӯмак хост

Ҳамсари Умаралӣ Қувватов, роҳбари боздоштшудаи "Гуруҳи 24" - Қумринисо Ҳафизова ба полиси байналмилалии Амороти муттаҳидаи Араб бо дархости кӯмак ба ӯ ва аҳли оилааш муроҷиат кардааст.

Дар ин бора ба TojNews Николай Николаев, вакили дифоъи Умаралӣ Қувватов, иттилоъ дод. 

Дар мактуби Қумринисо Ҳафизова ба Интерпол дар АМА, ки бинобар иттилои адвокат шаби гузашта 15-уми март тариқи факс аз Маскав ирсол шудааст, гуфта мешавад: "Ман ҳамсари лидери Ҳаракати ҷамъиятӣ ва сиёсии "Гуруҳи 24" Умаралӣ Қувватов - Ҳафизова Қумринисо Абдуҷабборовна, шаҳрванди Тоҷикистон, модари панҷ фарзанд, ду писар ва се духтар ҳастам. 

Ҳамсари ман аз 23-юми декабри соли 2012 бинобар тӯҳматҳои беасос ва санадҳои қалбакӣ, аз сӯи низоми ҳоким дар кишвар то ҳол дар Дубай дар ҳабс қарор дорад.

Ба ҳамсари ман дар ҳоли истирдод шуданаш ба Тоҷикистон, шиканҷа ва марг таҳдид мекунад. Айни ҳол ман аз тақдири минбаъдаи шавҳар ва фарзандонам нигаронам. Тамоми фаъолияти ҳамсари ман ба беҳбудии зиндагии мардуми Тоҷикистон равона карда шудааст. Ман мехоҳам фарзандони мо дар кишвари муттарақӣ ва босубот ба сар баранд ва ба зиндагии онҳо ягон омил таҳдид накунад.

Айни ҳол ман дар Маскав иқомат дорам. Мақомоти Тоҷикистон ҳамсари маро водор мекунанд, ки таслим шавад ва тамоми айбҳое, ки нисбаташ эълон кардаанд, ба дӯш гирад. Шавҳари маро бо роҳи таҳдид ба ман ва фарзандонаш, шантаж мекунанд. 

Онҳо ба ман занг заданд ва гуфтанд, ки макони будубоши маро медонанд ва агар шавҳарам шартҳои онҳоро иҷро накунад, онҳо ба маҳв кардани мо шурӯъ мекунанд. 

Ман, фарзандонам ва тамоми наздикони мо дар Тоҷикистон эҳсоси хатар ва бепуштупаноҳӣ мекунем. Бинобар ин, ба номи Худо аз шумо хоҳиш дорам, ки ба мо кӯмак кунед". 

Ёдрас мешавем, Умаралӣ Қувватов, ки тобистони соли гузашта дар Маскав худро аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон унвон кард, шаби 23-юми декабр дар фурудгоҳи Дубайи АМА бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуда, то ҳол дар ҳабс қарор дорад.

Бо қарори суди Дубай, мурофиаи навбатии Умаралӣ Қувватов дар назар аст, ки рӯзи 10-уми апрели соли ҷорӣ баргузор шавад.

Бинобар иттилои Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия, парванда нисбати Умаралӣ Қувватов дар асоси шикояти ширкатҳои хориҷӣ оғоз шудааст.

Фаттоҳ Саидов, раиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия гуфта буд: “Нисбати Умаралӣ Қувватов аз моҳи июни соли гузашта парвандаи ҷиноӣ дар асоси шикоятҳои шаҳрвандони Афғонистон ва Чин боз шудааст. Ҳатто ҳолати ду моҳ  гаравгон гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ дар ин парванда ҳам ҷой дорад. Агар шаҳрвандони дохил мебуданд, шояд мегуфтанд, ки махсус ташкил шудааст... Мошинҳое, ки онҳо аз хориҷ ба дохил бо ҳисоби 40 тонна маводи сӯзишворӣ меоварданд, бо зӯрӣ мегузарониданд, дар ҳаҷми 7 ҳазор доллар ворид мекарданд... Ҳамзамон 4 шикояти дигар аз номи шаҳрвандони Тоҷикистон нисбати Қувватов ворид шудааст. Бар пояи шикояти ширкати “Тоҷирон” ҳоло мо тафтишот бурда истодаем.  Умаралӣ Қувватов бо Шароф Гадоев, ҷиянаш, дар ин корҳо даст доранд...”  

Умаралӣ Қувватов бо ирсоли як муроҷиатномааш аз зиндони Дубай пайдошавии ин парвандаи ҷиноятиро фармоишӣ ва сиёсӣ дониста, онро ба мавзеъгириҳои шадиди худ дар баробари сиёсатҳои Ҳукумати феълии Тоҷикистон ва интихоботи президентии ноябри соли ҷорӣ рабтдошта номид.

Умаралӣ Қувватов худро молики аслии Ширкатҳои "Фароз" ва "Тоҷирон" меномад, ки тибқи иттилои Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, гурӯҳи ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” воридкунандагони парки бузургтарини мошинҳои сӯзишворикаш дар Тоҷикистон буда, беш аз 300 адад мошин дорад. Бахше аз ин мошинҳо, аз ҷумла, барои кашонидани сӯзишворӣ барои неруҳои НАТО дар Афғонистон истифода мешаванд.

Гуфта мешавад, манфиатбардори асосии ин ширкатҳо домоди президенти Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов мебошад, ки Умаралӣ Қувватовро ба аз худ кардани моликияташ бо роҳи ғайриқонунӣ айбдор медонад.

TojNews