Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзҳои 20-23 январ барои адвокатҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ду тренинги дурӯза оид ба ҳифзи қурбониёни шиканҷа баргузор гардид. Дар ин тренингҳо 50 нафар аз шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ширкат варзиданд.
Дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат» Дастур барои адвокатҳо оид ба механизмҳои байналмилалӣ ва миллии ҳифзи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона омода карда шуд. Дастур мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирад: санадҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, механизмҳои миллии ҳифзи қурбониёни шиканҷа, иштироки адвокат дар ҳаракатҳои тафтишотӣ, намунаҳои ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ дар парвандаҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона.
Ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҷузъи ҷудонашавандаи таъмини истифода накардан ва кафолати такрор нашудани шиканҷа ва муносибати бераҳмона мебошад. Қурбониёни шиканҷа ва наздикони онҳо аксар вақт усулҳо ва механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи поймолшудаи худро намедонанд. Омӯзиш ва баланд бардоштани иқтидори адвокатҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба қурбониёни шиканҷа дар барқарорсозии ҳуқуқҳои онҳо кӯмаки муассир ва саривақтиро таъмин хоҳад кард.
Омӯзиш дар асоси Дастур омодашуда дар ду шаҳр: Душанбе ва Бохтар гузаронида шуд. Ба ҳайси Тренер Алишер Ҳайдаров, раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд: санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо шиканҷа, мафҳуми «шиканҷа» ва «муносибати бераҳмона», мақомоти СММ, Протоколи Истанбул, механизмҳои миллии ҳифзи қурбониёни шиканҷа, нақши адвокат, роҳ надодан ба истифодаи далелҳои дар зери шиканҷа гирифташуда, шикоят аз амали (беамалии) шахсони мансабдор, тартиби пешниходи ариза дар бораи руёнидани зарари моддӣ ва ғайра.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шуд. Барнома аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ” дар ҳамкорӣ бо Фонди Ҳоландии “Perspectivity Challenge” амалӣ мешавад.
Барои маълумоти иловагӣ бо Анел Тлеукеш, Менеҷери оид ба робита communications.manager.pr@worldlawtj.org тамос гиред.