Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Яке аз самтҳои фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа ҳимояи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ аст. Ташкилоти узви Эътилоф - «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» (ДОШ) фаъолияти ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои тодаъватшавандаҳо, даъватшавандаҳо, хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳоро амалӣ менамояд.
ДОШ дар якҷоягӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар қисмҳои ҳарбиро мегузаронад, дар коркарди механизми таваҷҷуҳ ба шикоят ва аризаҳои хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат мекунад, инчунин барои боло бурдани иқтидори ҳайати афсарӣ ва дониши ҳуқуқии сарбозон ҷамъомадҳо мегузаронад.
Қабулгоҳҳои ҳуқуқии ДОШ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд фаъолият мекунанд. Ҳуқуқшиносони ташкилот оид ба масоили ҳуқуқӣ ва тиббӣ, инчунин доир ба масъалаҳои мувофиқат ба хизмати ҳарбӣ машварат медиҳанд. Дар соли 2017-ум 409 нафар хизматрасонии машваратӣ гирифтанд. Машваратҳо ба масъалаҳои даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҳуқуқ ба рухсатӣ ва озодшавӣ, шикоят аз фаъолиятҳои ғайриқонунии комиссияи даъват дахл доштанд.
Дар ДОШ телефонҳои боварии +992 93 333 18 03; +992 93 333 17 03 ба таври шабонарӯзӣ фаъоланд.
Дар соли 2017 ДОШ ба даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ аз рӯи 13 парванда, ки адвокатҳо дар рафти санҷиши ариза оид ба ҷиноят, дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ, дар судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ иштирок карда, инчунин манфиатҳои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбиро дар мақомоти давлатӣ ҳимоя карда буданд, хизматрасонии ҳуқуқӣ расонд. Адвокатҳо - шарикони ташкилот кӯшиш мекунанд, ки аз ҳисоби қариб 95%-и парвандаҳои зери назари ташкилот парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда ва шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Соли 2017 аз ҷониби мақомоти прокуратура аввалин парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи моддаи «Шиканҷа» (143, эзоҳи 1 КҶ ҶТ) нисбати командири взвод оғоз карда шуд.
Дар соли 2017 аз рӯи ду парвандаи стратегӣ оид ба қонеъ кардани даъвои ҷабрдидагон дар бораи ҷуброни зарари моддиву маънавӣ қарор қабул карда шуд. Аммо аз болои қарорҳои зикргардида аз ҷониби адвокатҳо ба судҳои болоӣ шикоят бурда шуд, зеро маблағи зарари маънавие, ки аз ҷониби суди зинаи аввал таъин гардид, ғайри одилона буд. Мутаассифона, таҷрибаи кам кардани маблағи ҷуброн аз ҷониби судҳои кишвар ба мушоҳида мерасад. Масалан, соли 2016 дар мавриди ҷуброни зарари маънавӣ оид ба парвандаи Фирдавс Раҳматов суд уҳдадор кард, ки ба волидони ӯ 5000 (панҷ ҳазор сомонӣ) пардохт карда шавад, аз рӯи парвандаи Шаҳбол Мирзоев дар соли 2016 суд маблағи ҷуброни зарари маънавиро 4000 сомонӣ муқаррар кард, соли 2017 дар парвандаи Қаюмовҳо - 3000 (се ҳазор) сомонӣ, дар парвандаи Носиров - 2000 (ду ҳазор) сомонӣ.
ДОШ барои табобати амбулаторӣ ва статсионарии қурбониёни меҳтарсолорӣ дар хизмат ва аъзои оилаҳои онҳо мусоидат намуд. Дар соли 2017 дар ДОШ 27 сарбоз ва аъзои оилаҳои онҳо офиятбахшӣ гузаштанд.
Аз соли 2014 Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ бо Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ дар қисмҳои ҳарбӣ мониторинг мегузаронад. Дар ин давра дар 16 қисми ҳарбӣ дар сартосари ҷумҳурӣ мониторингҳо гузаронида шудаанд.
Соли 2017 дар чор қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳияҳои Шаҳритуз (вилояти Хатлон), Исфара (вилояти Суғд), Мурғоб (Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон) ва Лахш (ноҳияҳои тобеи марказ) ҷойгиранд, мониторинг гузаронида шуд.
Натиҷаҳои мониторинги соли 2017 нишон доданд, ки шароитҳои гузаштани хизмати ҳарбӣ беҳтар шудааст ва дар умум, ҳуқуқи инсон дар қисмҳои ҳарбӣ риоя карда мешавад. Ҳамзамон, мушкилоте аз қабили риоя нашудани меъёрҳои оинномаҳои дохилӣ, норасоӣ оид ба профилактика ва дучор гардидан ба муносибатҳои ғайри оинномавӣ ба мушоҳида мерасад.