Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти узви Эътилоф - «Ташаббуси ҳуқуқӣ» фаъолияти ба самти ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар системаи адолати судӣ бо дарназардошти кӯдакон - қурбониён ва шоҳидони ҷиноят равонашударо амалӣ менамояд. Он шарики асосии Фонди кӯдакони СММ - ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ташкилот дар ҳамкорӣ бо Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия ва Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон як қатор тренингҳоро оид ба боло бурдани иқтидори кормандони мақомоту вазоратҳои номбаршуда дар масоили ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак, аз ҷумла масъалаҳои махсуси равонии кор бо кӯдакон баргузор намуд.
Соли 2015 дар доираи фаъолияти «Дастгирии ҳуқуқии кӯдакон дар системаи адолати судӣ ва шоҳидони ҷиноят» (OSI Будапешт) шабакаи ғайрирасмии ташкилортҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба омода намудани гузориши алтернативӣ ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон тадбиқ гардидани Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки аз тарафи ТҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ҳамоҳангсозӣ мешуд, таъсис ёфт.
Бо мақсади омодасозии гузориш дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе вохӯриҳои ҳамоҳангсозӣ гузаронида шуданд. Гузориши алтернативӣ 27-уми октябри соли 2016 ба Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдак фиристонида шуд.
Намояндагони ташкилот 8-уми феврали соли 2017 дар сессияи муқаддамотии Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдак иштирок карданд.
17-уми сентябри соли 2017 гузориши миллии Тоҷикистон дар бораи тадбиқи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак баррасӣ гардид. Бисёр тавсияҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳангоми коркарди тавсияҳои ниҳоӣ аз ҷониби Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдак қабул гардиданд.
Ташкилот ба омодагии намояндагони мақомоти давлатӣ, адвокатҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳимояи ҳуқуқи кӯдак аҳамияти зиёд медиҳад. Соли 2017-ум 33 тренингу семинар гузаронида шудааст.