Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният «Ҳимоятгари беҳтарини сол»-ро эълон кард.
Бояд гуфт, ки аз соли 2009 инҷониб Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ҷоизаи ҳарсолаи «Ҳимоятгари беҳтарини сол»-ро эълон медорад. Барандаи он метавонанд олимон, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бошанд. Ҳамчунин, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз рӯи ду номинатсияи дигар мукофотонида мешаванд.
- Мақсади асосии ҷоизаи мазкур кӯмак ба ҳуқуқшиносону ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар кори душворашон аст,- мегӯяд Наргис Зокирова, раҳбари Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон.
Ба иттилои ӯ, имсол аз рӯи номинатсияи «Барои саҳми махсуси ташкилот дар ҳимояи ҳуқуқи инсон» ҷоиза насиби ташкилоти ҷамъиятии «Наҷоти кӯдакон» гардид, ки ба масоили ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон машғул буда, соли 1993, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфтааст.
Ба гуфтаи хонум Зокирова, асосгузори ин ташкилот панҷ нафар зане буданд, ки дар ин ҷанг наздикони худро аз даст додаанд. Онҳо мехостанд бо ин роҳ дигар занҳоеро, ки ба ҳолатҳои вазнини ҳаётӣ афтода буданд, дастгирӣ намоянд ва барои мустақил шуданашон саҳм гузоранд.
- Ташкилоти мазкур дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фаъолият мекунад ва дар мубориза бо зӯроварии хонаводагӣ саҳми арзанда гузоштааст. «Наҷоти кӯдакон» барои риоя шудани ҳуҳуқҳои занон дар Тоҷикистон мубориза мебарад ва манфиатҳои онҳоро дар ҳама сатҳҳо баррасӣ мекунад,- зикр менамояд раҳбари Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният.
Аз рӯи номинатсияи «Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар журналистика» раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев, ки ин ташкилотро ҳудуди 15 сол боз роҳбарӣ кардаву дар самти озодии баён ва ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигорон саҳм мегузорад, соҳиби ҷоиза гардид. Нуриддин Қаршибоев инчунин яке аз ташаббускорони таъсисёбии Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аст, ки мушкилиҳои ҳуқуқии рӯзноманигоронро то расидан ба суд ҳал мекунад.
Ҷоизаи асосӣ - «Ҳимоятгари беҳтарини сол» бошад, ба вакили мудофеъ Асадулло Зикрихудоев лоиқ дониста шуд, ки ташкилоти ҷамъиятии душанбегии Ташкилоти маъюбони «Имконият»-ро роҳбарӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои гузашта ҷоизаҳои мазкур ба «Ампаро», Ассосиатсии ҳуқуқшиносони Помир, «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ», Рамзия Мирзобекова, Анора Саркорова, Сергей Романов, Татяна Хатюхина, Шӯҳрат Қудратов, Ойниҳол Бобоназарова ва Дилрабо Самадова насиб гардида буд.
Бояд гуфт, ки оғоз аз соли 2012 ин тасмим аз ҷониби сафорати ИМА дар Тоҷикистон дастгирӣ меёбад.