Article Pages

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе 6 нафар сарбозони қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиро дар вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо (моддаи 373, КҶ ҶТ) гунаҳкор эътироф намуда, онҳоро ба 2-2,5 соли зиндон маҳкум кард. Се нафари онҳо - Довар Абдулхатов, Далер...

06.05.2015 - 13:49

Дар Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе муҳокимаи 6 сарбози нерӯҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон идома дорад, ки ба бадрафторӣ нисбат ба ҳамхизмати худ ва паст задани шаъну эътибори ӯ муттаҳам мешаванд. Моҷарои моҳи ноябри соли гузашта ба вуқӯъ пайвастааст ва сарбози ҷабрдида моҳи феврали имсол ба додгоҳ муроҷиат кардааст. Гумонбарон дар ҷиноят аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон буда, ба гуфтаи...

30.04.2015 - 13:50

Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз рӯи далели марги сокини 25-солаи шаҳри Душанбе Шамсиддин Зайдуллоев тибқи аломатҳои қ.3, моддаи 143, дараҷ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Шиканҷа) парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Адвокат Саймумин Каримов, ки хизматгузориаш ба ҷабрдида аз ҷониби Ташкилоти ғайридавлатии Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ба «Азия-Плюс» дар ин...

29.04.2015 - 10:15

Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ даст доштани кормандони Агентӣ дар марги Шамсиддин Зайдуллоеви 25-сола, сокини пойтахтро рад мекунад. Дар посухи расмии АНМН дар ин робита чунин зикр мегардад: «Рӯзҳои 20-21 апрел дар сомонаҳои Тоҷикистон дар бораи марги боздоштшуда Шамсиддин Зайдуллоев дар тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ гӯё бар асари лату кӯб ва шиканҷа...

22.04.2015 - 14:55

Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир марги Шамсиддин Зайдуллоев, сокини 25-солаи шаҳри Душанберо, ки ба иддаои наздиконаш аз латукӯб дар боздоштгоҳи ин ниҳод ҷон додааст, шарҳ дод. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯйи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, Шамсиддин Зайдуллоев ҳамагӣ бо чанд грам маводи мухаддир рӯзи 8-уми апрел боздошт шуда, дар боздоштгоҳи муваққатии Оҷонсӣ нигоҳдорӣ...

21.04.2015 - 11:50

Волидони як ҷавони 25-сола иддао доранд, писарашон бар асари латту кӯби маъмурони Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир фавтидааст. Аммо Оҷонсӣ мегӯяд, ӯро мӯътодӣ ё "ломка" маводи мухаддир кушт. Модари Шамсиддин Зайдуллоев, сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, иддао дорад, писараш баъди боздошт аз сӯи маъмурони Оҷонсии зидди маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистон латту кӯб шуда, ҷон додааст....

21.04.2015 - 08:56

Дар шаҳри Душанбе аз 15 по 17-уми апрел оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намуди муносибатҳои бераҳмона аз рӯи стандартҳои Протоколи Истамбул тренинг баргузор гардид. Дар тренинг аз ноҳиҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе 23 нафар кормандони тиббӣ, аз ҷумла травматологҳо, ташхисгарони судӣ-тиббӣ, духтурҳои ёрии таъҷилӣ, гинекологҳо, духтурон-равоншиносон, духтурҳои дар ҷойҳои...

20.04.2015 - 12:59

Шаҳбол Мирзоев, сарбози маҷрӯҳи тоҷик имрӯз барои бори аввал дар мурофиаи парвандааш тариқи “Скайп”(интернет) ширкат кард. Мурофиа дар Душанбе гузашт ва Шаҳбол аз бемористоне дар Хуҷанд ба он пайваст. Шаҳбол Мирзоев, сарбози маҷрӯҳи Сарраёсати марзбонии КДАМ рӯзи чоршанбеи 15 апрел аз тариқи “Скайп” бо мурофиаи додгоҳӣ дар додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе пайваст. Дилшод Ҷӯраев,...

16.04.2015 - 09:21

Зебунисо Саидова, додраси парвандаи Шаҳбол Мирзоев, сарбози латтукӯбшудаи тоҷик дархост барои иштироки ин сарбози маъюбшударо дар мурофиаи навбатӣ қабул намудааст. Гулчеҳра Холматова, вакили дифои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, дар пайи шубҳаи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амният дар мавриди беҳбуди вазъи саломатии зерҳимояаш ӯ аз додрас хостааст, Шаҳбол тариқи...

14.04.2015 - 09:42

Нахустин ҳолатҳои “облава”, ё худ ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе охири ҳафтаи гузашта ба қайд гирифта шудаанд.  Ҳошим, як ҷавони тоҷик, ки меҳмони шаҳри Душанбе шудааст, изҳор дошт, ки шоми шанбе дар хатсайри рақами 28 ҳадафи “облава” қарор гирифтааст: “Як мошини “старекс”-ро, ки рақами 28 дошт, манъ карда, савор шудам. Баъде, ки савор шудам, ҷавони...

13.04.2015 - 09:25

Страницы