Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе аз 15 по 17-уми апрел оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намуди муносибатҳои бераҳмона аз рӯи стандартҳои Протоколи Истамбул тренинг баргузор гардид.
Дар тренинг аз ноҳиҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе 23 нафар кормандони тиббӣ, аз ҷумла травматологҳо, ташхисгарони судӣ-тиббӣ, духтурҳои ёрии таъҷилӣ, гинекологҳо, духтурон-равоншиносон, духтурҳои дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ фаъолиятдошта иштирок карданд. Инчунин, дар чорабинӣ намояндагони Институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ташкилоти ҷамъиятии «Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» ширкат варзиданд.
Дар рафти даври омӯзишӣ иштирокчиён усулҳои маълум кардани зарарҳои ҷисмонӣ тибқи услуби ташхиси судӣ-тиббӣ, муайян сохтани натиҷаҳои ҷисмониву равонии оқибатҳои шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона, ҳамзамон дар амал истифода бурдани санади тиббии таҳияшудаи «Протоколи шаҳодатдиҳии тиббии шахсони боздоштшуда»- ро омӯхтанд.
Ба иттилои корманди ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» Парвина Наврӯзова, 1-уми ноябри соли 2014 бо фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои тиббӣ (Протоколи шаҳодатдиҳии тиббии шахсони боздоштшуда, санади ташхисгар, акти судӣ-тиббии шаҳодатдиҳанда) ва санадҳои дохилӣ «Дар бораи баъзе асосҳои мурофиавии гузаронидани ташхиси судӣ-тиббӣ дар ҶТ» тасдиқ карда шудаанд.
Бартарияти Протоколи мазкур ин аст, ки дар санади он чанд кафолати шахси боздоштшуда ба назар гирифта шудааст, аз ҷумла ҳуқуқ ба дастрас кардани нусхаи акт ва ҳуқуқ ба гузаштани ташхиси тиббӣ бо хоҳиши худ. Ҳамчунин, дар ҳолати мавҷудияи ариза дар бораи далелҳои истифода шудани шиканҷа ва фиристодани як нусхаи он аз ҷониби духтур ба прокуратура. Инчунин, истифодаи амалии Протокол ба духтурҳо имкон хоҳад дод, ки сари вақт ва босифат зарарҳои ҷисмониро муайян намоянд.
Бояд гуфт, ки як нусхаи Протокол муддати 10 сол дар муассисаи тиббӣ нигоҳ дошта хоҳад шуд. Чунин усули кор ба ҳимоятгарони ҳуқуқ имкон медиҳад, ки нусхаи актро бевосита аз худи муассисаи тиббӣ дастрас намоянд.
Ёдовар мешавем, ки тренингҳо бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Маркази ташхиси судӣ-тиббии ҷумҳуриявӣ ва бо ташаббуси «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон»-у дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Фонди мусоидат дар Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Дар нақша аст, ки санаҳои 27-29-уми апрел тренинг оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намуди муносибатҳои бераҳмона аз рӯи стандартҳои Протоколи Истамбул барои кормандони тиббии вилояти Суѓд баргузор гардад.