Оҷонсӣ марги Шамсиддини 25-соларо шарҳ дод: Ӯ нашъаманд буд...

Оҷонсӣ марги Шамсиддини 25-соларо шарҳ дод: Ӯ нашъаманд буд...

Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир марги Шамсиддин Зайдуллоев, сокини 25-солаи шаҳри Душанберо, ки ба иддаои наздиконаш аз латукӯб дар боздоштгоҳи ин ниҳод ҷон додааст, шарҳ дод.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯйи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, Шамсиддин Зайдуллоев ҳамагӣ бо чанд грам маводи мухаддир рӯзи 8-уми апрел боздошт шуда, дар боздоштгоҳи муваққатии Оҷонсӣ нигоҳдорӣ мешуд: “Ӯ нашъаманд будааст ва шаби 12 ба 13-уми апрел ӯро ба истиллоҳ “ломка” гирифт. Шабона ӯро ба беморхонаи касалиҳои наркологӣ ва аз он ҷо ба беморхонаи ёрии таъҷилӣ бурданд. Ӯ аз бистарӣ шудан дар беморхона худдорӣ карда, расман раддия навиштааст, ки ин санад вуҷуд дорад. Баъдан Шамсиддинро дубора ба боздоштгоҳ оварданд ва дар он ҷо ӯ соати 5-и саҳар аз бемории дил фавтид”.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷиниссо Каримова, модари Шамсиддин ба раисиҷумҳур, додситонии кул ва эътилофи зидди шиканҷа шикоят бурда, иддао дорад, ки писараш дар натиҷаи латукӯб аз ҷониби маъмурини Оҷонсии зидди маводи мухаддир ба ҳалокат расидааст ва осори бадрафторӣ низ дар ҷасадаш аён будаанд. Каримова нашъаманд будани писарашро рад карда, афзудааст, ки ӯ ба мусофиркашонӣ машғул будааст ва ҳеч гоҳ аз беморие ранҷ набурдааст.

Дар ҳамин ҳол феълан ташхиси тиббии марги Зайдуллоев ба анҷом нарасидааст ва дар назар аст, ки натиҷаи он ду рӯзи баъд эълон мешавад.

Ozodagon