Ҳимоятгарони ҳуқуқ: Тоҷикистон тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ-ро оид ба парвандаи Хуршед Бобокалонов иҷро намекунад

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ба иттилои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон расонид, ки Тоҷикистон ягон чораи марбут ба иҷрои тавсияҳои КҲИ аз рӯйи парвандаи 2707/2015 аз номи Саодат Кулиева наандешидааст.

Ёдовар мешавем, Кумита дар тавсияҳои худ ба ин хулоса омад, ки «давлати узв тафтишоти фаврӣ, холисона ва самараноки ҳолати фавти Хуршед Бобокалонов ва даъвои модараш Саодат Кулиеваро дар бораи шиканҷа ва муносибати ғайриқонунӣ нагузаронидааст» ва аз мақомоти тоҷик хост, то дар мавриди а) гузаронидани тафтишоти саривақтӣ, самаранок, ҳаматарафа, мустақил, беғаразона ва шаффофи шиканҷаву фавти писари муаллиф, инчунин таъқибу ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон, b) доимӣ огоҳ сохтани муаллиф аз рафти тафтишот ва с) пардохти муносиби ҷуброн барои нақзи ҳуқуқҳои писараш, инчунин чораҳои муносиби офиятбахшӣ чораҳои муассир андешад.

Бар замми ин, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон ҳамзамон талаб кард,  то “дар давоми 180 рӯз аз ҷониби давлати узв маълумот дар бораи чораҳои андешидашуда тибқи Мулоҳизоти мазкур ироа гардад». Аз Тоҷикистон инчунин дархост карда шуд, ки «матни Мулоҳизотро оммавӣ гардонад ва паҳнсозии онро бо забонҳои расмии давлати узв ба таври васеъ таъмин намояд».

Ба андешаи ҳуқуқшиносони Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, Тоҷикистон ба унвони як кишвари узви Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ муваззаф аст, ки қарори қатъи парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба марги Хуршед Бобокалоновро лағв кунад ва тафтишоти нав, аз ҷумла дар мавриди далели истифодаи шиканҷа нисбати марҳум гузаронад.

Аммо талошҳои Маркази мустақил барои расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ ба модари Хуршед Бобокалонов натиҷа надод.

Прокуратураи генералии ҶТ барои иҷрои талаботи Мулоҳизот чорае наандешида, Суди ноҳияи Сино бо қарори худ шикояти модари Хуршед Бобокалонов - Саодат Кулиеваро дар бораи бекор кардани қарори муфаттиш оид ба қатъи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони милитсия аз рӯи далели фавти Хуршед Бобокалонов рад кард.

Ин қарори Суди ноҳияи Сино аз ҷониби коллегияи кассатсионии парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе бетағйир мононда шуд.

27-уми июни соли 2009 саратоншиноси ҷавон Хуршед Бобокалонов дар маркази шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия бо шеваи дағалона боздошта шуд. Дар ҷавоб ба вокуниш нисбати чунин дағалӣ ӯро бо калтак заданд. Хуршед дар мошини милитсия ҷон дод.

Ташхис маълум кард, ки ӯ дар натиҷаи баста шудани роҳи нафас, бо қайкунӣ бар асари нафасгирӣ фавтидааст. Коршиносони тиббӣ дар бадани ӯ захмҳои зиёде пайдо карданд, ки шояд чанде пеш аз маргаш дар натиҷаи истифодаи ашёи кунди вазнин ба вуҷуд омада буданд.

Гунаҳгорони фавти Хуршед Бобокалонов то ҳол эълон нашудаанд.

Asia-Plus