Ҳолати шиканҷаи Расул Назаров: Тафтишот идома дорад!

Прокуратураи генералӣ мегӯяд, вобаста ба пешгирии шиканҷа назорати қатъиро ба роҳ мондааст ва ҳар як муроҷиату арзу шикояти шаҳрвандон нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои роҳ додан ба шиканҷа ҷиддан мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон имрӯз, 29-уми январ, дар нишасти хабарӣ  иттилоъ дод, ки дар соли сипаришуда 4 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба шиканҷа оғоз карда шудааст.

- Аз 4 парвандаи ҷиноятӣ дутояш ба суд ирсол гардида, шахсони гунаҳкор аллакай маҳкум карда шудаанд, - гуфт прокурори генералӣ.

Аммо, дар мавриди он ки ин қонуншиканиҳо вобаста ба шиканҷаи гумонбарон дар ҷиноят аз ҷониби кӣ ва намояндагони кадом мақомот сурат гирифтааст, маълумоти бештаре дода нашуд.

Ин дар ҳолест, ки бино бар хабарҳо, шикоят дар мавриди шиканҷа шудани гумонбарон дар ҷиноят ва ҳатто то ба ҳалокат расидани онҳо дар шуъбаҳои милиса зиёд аст. Пайвандон бар он назаранд, ки аксари боздоштшудаҳо маҳз пас аз мавриди шиканҷаи тоқатфарсо қарор гирифтанашон ҷинояти накардаро ба зимма мегиранд.

Ёдовар мешавем, ҳодисаи ба ҳалокат расидани сокини шаҳри Кӯлоб Расул Назаров аз чунин ҳолатҳоест, ки бегоҳи 28-уми марти соли гузашта бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷониби кормандони милисаи ШВКД Сино-2-и шаҳри Душанбе боздошт шуд ва субҳи рӯзи дигар наздикон ҷасадашро аз беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе гирифтанд.

Бародарон мегӯянд, зимни шустани ҷасад дар тани марҳум Расул Назаров нишонаҳои латукӯб ва шиканҷаро мушоҳида карда, аз он расму навор ҳам бардоштаанд, вале бо вуҷуди пешниҳоди он ба мақомоти тафтишотӣ қариб як сол боз чорае андешида намешавад.

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон низ дар нишасти хабарӣ вобаста ба фавти сокини Кӯлоб Расул Назаров гуфт, парвандаи ҷиноятӣ дар тафтишот қарор дошта, он идома дорад. «Дар сурати тасдиқ шудани гунаҳкории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, албатта, онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, парвандаро ба суд ирсол мекунем», - гуфт Юсуф Раҳмон.

faraj.tj