Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон 24-уми январи соли 2019 Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022-ро қабул кард. Нақшаи миллӣ аз 22 банд иборат аст: тафтиши ҳолатҳои шиканҷа, ҷазо барои истифодаи шиканҷа, пурзўр намудани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, кафолатҳои асосии ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба адвокати мустақил, санҷиши ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс, механизми мустақили қабул ва баррасии шикоятҳо аз шиканҷа, таъмин намудани ҷубронпуливу офиятбахшӣ ва ғайра.
Нақшаи миллӣ гузаронидани 80 чорабиниро дар самти амалигардонии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ оид ба масоили роҳ надодан ба шиканҷа пешбинӣ намудааст. Ба амалисозии Нақшаи миллӣ доираи васеи мақомоти давлатӣ, судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Институти Омбудсмен ҷалб карда шудаанд.
Инак, банди №8-и Нақшаи миллӣ: «Ҳолатҳои фавт дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ».
Оид ба ин банд чорабиниҳои зерин амалӣ гардидаанд:
- Ташкил кардан ва гузаронидани тренингҳои маълумотноксозӣ миёни кормандони мақомоти давлатии масъул ва шахсони дар ҷойҳои маҳрумият қарордошта оид ба масоили пешгирии паҳншавии ВИЧ/СПИД ва сил.
- Паҳн намудани матолиби иттилоотӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии ВИЧ/СПИД дар муассисаҳои системаи пенитенсиарӣ.
- Андешидани чораҳои зарурӣ дар мавриди сари вақт муайян намудану табобат кардани ВИЧ/СПИД миёни маҳбусон.
- Таҳия ва қабули санади дахлдори байниидоравӣ оид ба тартиби гузаронидани санҷиши ҳамаи ҳолатҳои фавт дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.
- Баррасии масъалаи таъсиси ташхиси судии ғайридавлатӣ ва тартиби фаъолияти он.
- Коркарди механизми гузаронидани ташхиси судӣ-тиббӣ ё патологӣ бо хоҳиши аъзои оила бо тартиби инфиродӣ ва таъмини пешниҳод намудани натиҷаҳои ташхисҳо ба онҳо.
- Коркарди механизми ба роҳ мондан ва дастрас будани иттилооти оморӣ оид ба ҳолатҳои фавт ва сабабҳои фавт дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ.
Матлаби мазкур бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд мегардад, бахшида шудааст.
Шиканҷа монанд ба вируси даҳшатнок аст ва танҳо як ваксина муқобили он вуҷуд дорад - ошкорсозӣ.
Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст.