Ҳудуди 20 маҳбусро дар Душанбе ва Ваҳдат ба карантин гирифтаанд

Ҳудуди бист зиндониро аз маҳбасҳои рақами 1-и Душанбе ва 2-и шаҳри Ваҳдат пас аз шикоят аз таби баланд ба карантин гирифтаанд. Мақомот мегӯянд, ин афрод дарди гулӯ доранд, вале илтиҳоби шуш ё пневмония нестанд. Пештар бархе аз пайвандони зиндониён аз таби баланд доштани наздиконашон дар маҳбас хабар дода буданд.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, 27-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхисҳо нишон доданд, ки тақрибан бист маҳбус гулӯдард ҳастанд.

"Бештари инҳо рӯзадор будаанд ва оби хунук нӯшидаанд. Баъзе аз онҳоро бо паст шудани ҳарорат аллакай аз ҳолати карантинӣ ҷавоб додем", - шарҳ дод ӯ.

Ба қавли Умаров, ҳоло 6 маҳбус дар зиндони рақами 1 ва 8 тани дигар дар маҳбаси дувум дар шароити карантинӣ мондаанд.

Вай афзуд, аз қабл дар дохили маҳбасҳо барои карантини зиндониён ҷойҳои махсус омода карда буданд ва ин зиндониёнро дар чунин ҷойҳо зери назорат гирифтаанд.

"Субҳи имрӯз, 27-уми апрел, табибонро фиристодам, ки як бори дигар ташхис кунанд. Албатта, чораҳои пешгирӣ аз сирояти эҳтимолии вирус дар дохили муассиса андешида шудааст. Ҳар рӯз се-чаҳор дафъа ҷойҳои хобу либосшӯиву ҳоҷатхонаҳоро дезинфексия мекунем", - илова кард Умаров.

Тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.

Шуморе аз наздикони маҳбусон рӯзи гузашта аз вазъи пайвандонашон дар маҳбас нигаронӣ карданд.

Аз ҷумла, Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии Раёсати ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, 26-уми апрел гуфт, падараш таби баланд дорад ва барояш дору бурдаанд.

"Ба мо хабар доданд, ки ҳарорати баданашон 38,5 дараҷа аст ва се рӯз боз поин намешавад. Гуфтанд, шояд ба карантин баранд. Барояшон дору бурдем ва бо пизишк суҳбат кардем. Духтур гуфт, зуком шудааст ва гулӯяш дард мекунад", - гуфт ӯ.

Ба карантин гирифтани бархе аз маҳбусон дар ҳолест, ки қаблан баъзе аз гурӯҳҳои мухолифин дар Аврупо пешниҳод карда буданд, маҳбусони аз 60-сола боло қатъи назар аз парвандаашон озод карда шаванд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам хостори озодии ҳамаи маҳбусон шуда буданд.

Мақомот аз 31-уми март бо далели пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус мулоқоти маҳбусон бо наздиконашонро дар зиндонҳои Тоҷикистон муваққатан манъ карданд.

Чунин тасмимро пайвандони бархе аз маҳбусон саривақтӣ хонданд, бархеи дигар гуфтанд, ин вазъият нигаронии онҳоро дар бораи шароити наздикони зиндонияшон бештар мекунад.

Ozodi