Ҳукм нисбати адвокат Абдураҳмонзода бетағйир мононда шуд

Рӯзи 22-юми январи соли 2020 бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе ҳукми Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 17-уми октябри соли 2019 нисбати адвокат Абдулазиз Абдураҳмонзода бетағйир мононда шуд.

Ба иттилои раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон Саидбек Нуриддинов, танҳо дар қисми ҷазои таъиншуда (ҷарима ба маблағи 20075 сомонӣ) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» татбиқ гардида, Абдруҳмонзода аз супоридани ҷарима озод карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳукми додгоҳ нисбати Абдулазиз Абдураҳмонзода рӯзи 17-уми октябри соли 2019 содир шуда, он замон раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон аз болои ҳукм ба Суди шаҳри Душанбе шикоят бурда буд.

Парванда алайҳи Абдулазиз Абдураҳмонзода аз сӯи маъмурони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Душанбе оғоз шуда буд ва мақомот адвокатро ба гирифтани маблағ аз як шаҳрванд муттаҳам карданд. Аммо Абдулазиз Абдураҳмонзода ва 15 вакили дифои ӯ он замон ин иттиҳомро рад карда, гуфта буданд, ки баръакс, Абдураҳмонзода аз сӯи маъмурони Оҷонсӣ шиканҷа шудааст. Аммо додситонӣ мавҷудияти шиканҷаро рад кард ва додгоҳ Абдураҳмонзодаро гунаҳгор донист.

- Дар ҷаласаи коллегияи судӣ мо далелҳоеро, ки дар рафти тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе талаботи КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дағалона вайрон карда шуда, ҳуқуқҳои Абдураҳмонзода А. поймол гардида буданд (ғайриқонунӣ дастгир кардан, вайрон кардани тобеияти тафтишотӣ, таъмин накардани адвокат, истифодаи шиканҷа, баҳо дода нашудан ва ба инобат нагирифтани далелҳои тарафи ҳимоя дар суд, вобаста ба дархостҳо қарор қабул накардани суд ва ғайра), пешниҳод намудем,- мегӯяд раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон Саидбек Нуриддинов.

Ба гуфтаи мавсуф, инчунин далелҳои асосии бегуноҳии Абдураҳмонзода А. мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Аз он ҷумла:

1. Мувофиқи талаботи моддаи 31, қисми 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» фаъолияти адвокатӣ дар асоси Созишнома байни адвокат ва ваколатдиҳанда амалӣ мегардад.

2. Дар варақаи парванда (в.п. 48-50) Созишнома оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз 9-уми апрели соли 2019 байни адвокат Абдураҳмонзода А. ва ваколатдиҳанда Саидов С. С. мавҷуд аст. Дар охири Созишнома (в.п. 50) ҳар ду тараф, яъне ҳам адвокат Абдураҳмонзода А. ва ҳам ваколатдиҳанда Саидов С. С. бо имзои худ шартҳо ва дурустии Созишномаро тасдиқ намудаанд.

3. Тибқи банди 4.1-и Созишнома маблағи пардохти ёрии ҳуқуқӣ, яъне барои тартиб додани аризаҳо, аризаҳои даъвогӣ, дархостҳо, шикоятҳо, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва ҳимоя намудан дар Суди ноҳияи Варзоб вобаста ба баҳси судӣ дар ҳаҷми 5000 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст.

4. Мувофиқи талаботи банди 8.4 (в.п. 50) Созишномаи мазкур (5000 сомонӣ) барои ҳимояи манфиатҳои ваколатдиҳанда дар марҳилаи якум ва кассатсионӣ баста шудааст (яъне парванда метавонад моҳҳо ё солҳо идома ёбад).

5. Ба ғайр аз ин, тибқи талаботи бандҳои 5.1. ва 5.2-и Созишнома аз ҳисоби 5000 сомонии Созишнома пардохти ҳаққи аъзогӣ (ҳар моҳ 100 сомонӣ, агар парванда 5 моҳ давом кунад, 500 сомонӣ), ҳама гуна андозҳои зарурӣ (тахминан 500 сомонӣ дар як моҳ), инчунин хароҷотҳои рӯзмарра, меҳмонхона, сафари хизматӣ, ҳама намуди нақлиёт, алоқа ва дигар хароҷотҳои иловагӣ бо назардошти нархҳои бозорӣ пардохт карда мешаванд.

6. Аз ҳама муҳим, мутобиқи талаботи банди 8.5 амали Созишнома аз лаҳзаи пардохти маблағ оғоз мегардад. (Дар ҳоле, ки рӯзи 17-уми апрели соли 2019 маблағи Созишномаро ба Абдураҳмонзода А. додан баробар ӯро ғайриқонунӣ дастгир намудаанд. Яъне амали Созишнома оғоз шуда, Абдураҳмонзода А. фурсати оғоз кардани корро ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқӣ наёфта, дастгир карда шудааст).

7. Мутобиқи талаботи банди 7.2-и Созишнома зимни ба миён омадани баҳс байни тарафҳо он бояд тариқи судӣ ҳал гардад.

- Аммо афсӯс, ки далелҳо ба инобат гирифта нашуданд,- мегӯяд раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон Саидбек Нуриддинов.

Ба иттилои ӯ, онҳо ният доранд ба зинаҳои назоратии Суди шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон муроҷиат намуда, инчунин, бевосита ба қабули раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дароянд, зеро ҳатто дар сурати мавҷуд будани Созишнома парванда оғоз кардану маҳкум намудани адвокат таҷрибаи талх мешавад.

Ichrptj.org