Ҳукми шарики қотили духтари 17-сола дар шаҳри Турсунзода бетағйир боқӣ монд

Суди олии Тоҷикистон шикояти таҷдиди назари падари Раҳимҷон Комилови 18-сола оид ба ҳукми содиршуда нисбати писарашро, ки дар қатли духтари 17-сола дар шаҳри Турсунзода шарикӣ дошту ба 20 соли зиндон маҳкум шуда буд, қонеъ накарда ҳукмро қонунӣ арзёбӣ намуд.
 
Тавре адвокат Абдураҳмон Шарипов дар ин робита иттилоъ дод, суд ҳукм нисбати айбдоршаванаро қонунӣ шуморида, шикоят беасосро донист ва қарори суди зинаи аввал бетағйир боқӣ гузошта шуд.
 
Қобили зикр аст, ки санаи 28 апрели соли равон Суди олии Тоҷикистон ду сокини шаҳри Турсунзода - Абдулқосим Норматови 18-сола ва шарики ӯ Раҳимҷон Комилови 18-соларо дар ҷинояти куштори духтари 16-сола Нозима Исомиддинова айбдор дониста, ташкилкунандаи асосӣ ва иҷрокунандаи куштор -  Абдулқосим Норматов ба 10 соли зиндон ва шарики ӯ - Раҳимҷон Комиловро ба 20 соли зиндон маҳкум кард.
 
Ба муҳлати кам маҳкум шудани ҷинояткори асосӣ бо он асоснок шуда буд, ки замони содир шудани ҷиноят Норматов ноболиғ буда, танҳо баъди 13 рӯзи ҷиноят ба синни балоғат расид, вале синни ҳаммаслакаш Комилов аллакай ба 18-солагӣ расида буд.
Asia-Plus