Ҳуқуқҳои мурофиавии маҳкумшудагон

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Маҳкумшудагон кадом ҳуқуқҳои мурофиавиро доранд?

ПОСУХ: Пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм, маҳкумшудагон ҳуқуқҳои муайянро доранд:

- Ҳуқуқ ба шикоят аз болои ҳукм бо тартиби назоратӣ ва пешниҳоди шикоятҳои кассатсионӣ.

- Ҳуқуқ ба муносибати инсондӯстона, ҳифзи ҳуқуқҳои худ дар ҷойҳои нигоҳдорӣ, назорати судии шароити нигоҳдорӣ.

- Ҳуқуқ ба ёрии тиббӣ, ғизои кофӣ ва муроҷиат ба суд дар сурати вайрон шудани шартҳои ҷазо.

- Ҳуқуқ ба бозбинии ҳукм дар сурати пайдо шудани ҳолатҳои нав, офиятбахшӣ ва барқарор кардани ҳуқуқҳои нақзшуда.

- Ҳуқуқ ба ҷуброн ҳангоми нақз шудани ҳуқуқҳо, аз ҷумла вайрон гардидани шароити нигоҳдорӣ ва зарар ба саломатӣ.

Кафолатҳои асосӣ дар Конститутсияи ҶТ муқаррар гардидаанд:

Дар моддаи 18: «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати

ғайриинсонӣ раво дида намешавад» - ин кафолати умумии ҳуқуқи инсон аст, ки нисбати ҳамаи ашхос, аз ҷумла маҳкумшудагон татбиқ мегардад.

Моддаи 19: «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд…».

Моддаи 20: Эҳтимолияти бегуноҳӣ, ҳуқуқ ба муносибати одилона пас аз содир шудани ҳукм ва дигар кафолатҳо.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj