Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
2-юми октябри соли 2025 дар доираи Рӯзи ҷаҳонии Ҳабитат дар шаҳри Душанбе машваратҳои ҳуқуқии сайёри ройгон баргузор гардиданд, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқи дастрас” - ташкилоти узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария ташкил карда шудаанд.
Чорабинӣ ба маърифати ҳуқуқии аҳолӣ оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба манзил, инчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқҳояшон, аз ҷумла ҳимоя аз шиканҷа, муносибати бераҳмона ва пастзанандаи шаъну шараф нигаронида шуд.
Дар доираи машваратҳое, ки дар ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе гузаронида шуданд, ҳуқуқшиносон ба 16 нафар ёрии ҳуқуқӣ расониданд. Дар баробари масъалаҳои манзил, ба муроҷиатҳои марбут ба нақзи ҳуқуқ ҳангоми боздошт ва дар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс, истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ ва равонӣ, шикоятҳо аз амалҳои (ё беамалии) шахсони мансабдор, ҷуброни зарари дар натиҷаи шиканҷа ё муносибати бераҳмона расонидашуда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.
Ҳуқуқшиносон ба муроҷиаткардагон ҳуқуқи гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагонро ба озодӣ аз шиканҷа, табъиз ва таҳқир, инчунин тартиби шикоят дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо ва механизмҳои имконпазири гирифтани ҷуброн тибқи қонунгузории ҷиноятӣ ва шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ доданд.
Ба ҳар як нафари муроҷиаткарда маълумот барои тамос бо ташкилотҳои дахлдор, аз ҷумла аъзои Эътилоф бо тавсияи дубора барои дарёфти ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат кардан дар сурати доштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод карда шуд. Ин имконият медиҳад, ки ба вазъият баҳодиҳии амиқтар сурат гирифта, дар мавридҳои зарурӣ дастгирӣ карда шавад.
Маълумот: Рӯзи ҷаҳонии Ҳабитат (Шароити зист) соли 1985 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ бо тавсияи Комиссия оид ба нуқтаҳои аҳолинишин таъсис дода шудааст. Ҳадафи он таъмини манзили муносиб ба аҳолии ҷаҳон аст. Ҳадафи Рӯзи ҷаҳонии Ҳабитат ҷалби таваҷҷуҳ ба ин масъалаҳо ва мусоидат ба ҳалли онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.