Ҳуқуқшиносони Эътилоф ба сокинони Бохтар ройгон машварат доданд

Абдураҳмон Шарипов ва Азиз Бобоев - ҳуқуқшиносони «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва «Дунёи ҳуқуқ» - ду ташкилоти ҷамъиятии узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар назди майдони марказии ба номи И. Сомонӣ машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ гузарониданд.

Шаҳрвандон асосан ба масъалаҳои марбут ба баҳсҳои манзилию оилавӣ, инчунин баҳсҳои ҳуқуқии гражданӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибони манзил ҳангоми вайрон кардани манзил ва додани ҷуброн, дар бораи тартиби пешниҳоди ҳимоятгар ҳангоми боздошт ва истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ дар оила таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Дар маҷмуъ, дар шаҳри Бохтар ба 23 нафар шаҳрвандон, ки аз ин шумора 17 нафар занон ва 6 нафар мардҳо буданд, кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд.

Дар анҷоми машварати ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони муроҷиаткарда маълумот оид ба маҳали ҷойгиршавии идораҳои ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ - аъзои Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкилотҳои адвокатӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳод карда шуд.

Машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр таҷлил мегардад, бахшида шуда буданд.

NoTorture.Tj