Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи 18-уми ноябри соли 2022 аз соати 13:00 то 14:00 ва 22-юми ноябри соли 2022 аз соати 18:00 то 19:00 дар радиои «Азия-Плюс» дар доираи маъракаи 30-рӯзаи «Озодӣ аз шиканҷа - ҳуқуқи мутлақи инсон. 10 сол - барои озодӣ аз шиканҷа!» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабри соли 2022 таҷлил мешавад, барномаи мустақими радиоӣ баргузор мегардад.
Меҳмонони студия ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Азиз Бобоев, Абдураҳмон Шарипов ва Шоира Давлатова хоҳанд буд.
Соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии ҶТ моддаи «Шиканҷа» ворид карда шуд. Дар натиҷаи ин навгонӣ вазъи озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон дар 10 соли охир чӣ гуна тағйир ёфт? Дар ин бора коршиносон маълумот ва ба саволҳои шунавандагони радио посух хоҳанд дод.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ тарбияи ҳуқуқӣ ва тарбияи аҳолӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон аст. Интизор меравад, ки ин чорабинӣ ба муттаҳидсозии талошҳову талабот аз мақомоти давлатӣ ҷиҳати ташаккули сиёсати “таҳаммулнопазирии сифрӣ” нисбат ба шиканҷа дар Тоҷикистон тавассути расонаҳо мусоидат намояд.