Ҳуқуқшиносони Эътилофи зидди шиканҷа дар шаҳри Душанбе машваратҳои ҳуқуқии ройгон доданд

Абдураҳмон Шарипов ва Азиз Бобоев - ҳуқуқшиносони «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва «Дунёи ҳуқуқ» - ду созмони ҷамъиятии узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми ноябр дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт, назди бозори «Саховат» оид ба масоили мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ доданд.

Шаҳрвандон ба адвокатҳо бо саволҳо оид ба қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ, ҳангоми ҳабс ва истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ ба куҷо муроҷиат кардан, инчунин оид ба масъалаҳои манзил, оилавӣ, баҳсҳои меҳнатӣ ва масъалаҳои марбут ба даъвоҳои гражданӣ дар мавриди ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ муроҷиат карданд.

Адвокатҳо ҳуқуқҳои ҳимоят аз ҳабси худсарона ва озод будан аз шиканҷа, инчунин асосҳои ҳуқуқии ҳалли баҳсҳои марбут ба дахлнопазирии манзил, тартиби гирифтани ҷуброн дар ҳолати ҳабси ғайриқонунӣ, инчунин муқовимат ба истифодаи зӯроварӣ дар оила, тартиби ҳалли баҳсҳои оилавӣ, муайян кардани ҷои истиқомати кӯдакони ноболиғ бо қарори суд дар манзили собиқ узви оилаи молик, ҳангоми аз кор озод кардан барқарор намудан ба вазифаи пештара, ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолати бо таъхир додан ё беасос нигоҳ доштани музди меҳнат, дар бораи тартиби бекор кардани шартномахои фурӯшу сохтмони манзил, оид ба уҳдадориҳои гарав дар назди бонк ва ғайраро шарҳ доданд.

Дар маҷмуъ, дар шаҳри Душанбе ба 31 нафар шаҳрвандон, ки аз ин шумора 19 нафар занон ва 12 нафар мардҳо буданд, кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд.

Машваратҳои ҳуқуқии сайёр ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр таҷлил мешавад, баргузор гардиданд.

NoTorture.Tj