Кӣ ҳақ мегӯяд - мақомот ё наздикони маҳбусон?

Кӣ ҳақ мегӯяд - мақомот ё наздикони маҳбусон?

Масъулони раёсати зиндонҳо мегӯянд, маҳбусоне, ки чанд рӯзи қабл аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол ёфтаанд, дар шароити хуб нигаҳдорӣ мешаванд.

Илҳомҷон Маҳмудов, муовини сардори Раёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон иддаои волидайни ин маҳбусонро дар мавриди шиканҷа шудани фарзандонашон бепоя хонд. Ӯ гуфт, ки бо шунидани хабари таҷаммӯи волидайни маҳбусон дар назди Додситонии кулл, дафъатан он ҷо ҳозир шуда, бо онҳо сӯҳбат кардааст ва нигарониҳояшонро бесос медонад.

Ҷаноби Маҳмудов афзуд: «Ин маҳбусон аллакай хушрӯ ҷо ба ҷо шудаанд, бо хурду хӯрок сари вақт таъмин мешаванд, ягон камбудӣ надоранд. Миёни муассисаҳои шаҳри Душанбе ва Хуҷанд ягон фарқият нест, ҳар ду муассисаҳои ислоҳотиянд. Гапҳо дар бораи шиканҷа шудан дурӯғи маҳз аст ва ягон асос надорад».

Илҳомҷон Маҳмудов интиқоли маҳбусон аз зиндони рақами 1-и Душанбе ба Хуҷандро нақшавӣ унвон карда ва мегӯяд, ки ин амал ягон ангезаи дигар надорад.

Аммо наздикони бархе аз ин зиндониён, ки субҳи имрӯз ба хотири додхоҳӣ дар назди бинои Додситонии кулл ҷамъ омадаанд, назари дигар доранд. Онҳо ​ мегӯянд, ки пайвандонашонро ба хотири фош кардани ҳодисаи латукӯб ва ба марг расондани маҳбус Ҳамза Икромзода ба Хуҷанд интиқол дода, мавриди шиканҷа қарор додаанд.

Аз ҷумла Майрам Юлдошева, модари яке аз ин маҳбусон бо нигаронӣ аз сарнавишти писараш дар маҳбаси Хуҷанд мегӯяд: «Як зан аз Хуҷанд ба ман занг зад ва гуфт, ки 59 нафарро аз Душанбе ба Хуҷанд бурдаанд ва мо вақте ба зиндон рафтем, гуфтанд, ки дар миёни онҳо писари ман низ ҳаст. Ин бачаҳоро задаанд ва нимкушта кардаанд. Дар Тоҷикистон дигар қонун намондааст. Мо имрӯз инҷо ҷамъ омадем, ки ба мо дар бораи вазъи саломатии фарзандонамон бигӯянд, аммо касе ба доди мо намерасад, балки баръакс пеш карда истодаанд».

Ҳусния Ёқубова, ҳамсари маҳбус Илҳом Рустамов, ки низ ба зиндони Хуҷанд бурда шудааст, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ба дасти онҳо мактубе расидааст, ки дар он ин зиндониён аз шиканҷа шуданашон шикоят кардааанд.

Бону Ҳусния гуфт: «Онҳо навиштаанд, ки моро латукӯби шадид кардаанд ва мо аз ҷой хестан наметавонем. Ва илтимос, ба пайвандони мо расонед, ки онҳо назди Прокуратураи генералӣ бираванд ва ягон чора бубинанд. Ман намефаҳмам зиндон ҷойи ислоҳ кардан аст ё куштан? Мо ҳоло хоҳиши онро дорем, ки ташхиси тиббиву судӣ гузаронанд, то мо бифаҳмем, ки куҷои онҳо лат хӯрдаву маъюб шудааст».

Ҳарчанд афроди ҷамъомада дар назди бинои Додситонии кулл гуфтаанд, тақозои онҳо аз додситонӣ таҳқиқи ин қазия ва ҳам муҷозот шудани раҳбари зиндони рақами 1-и Душанбест, аммо то нимаи рӯз ба ҷуз навбатдори ин ниҳод, ки мехост гирдиҳамомадагонро пароканда кунад, дигар касе ба назди онҳо берун наомад.

​​Дар ҳамин ҳол яке аз собиқ маҳбусони зиндони рақами 1-и Душанбе, ки низ ба таҷаммӯъи занон пайваста буд ва аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбат бо РО гуфт, ин ҳама шикоятҳо вазъи маҳбусонро на беҳтар, балки бадтар мекунад.

Вай мегӯяд: «Барои чӣ дар маҳбас онҳоеро, ки аз ҳуқуқҳои худ дифоъ мекунанд ва зиёд шикоятнависӣ мекунанд, бад мебинанд ва кӯшиш мекунанд онҳоро ба ҷойҳое фиристанд, ки азоб бошад ва садояшонро касе шунида натавонад? Масалан, ба зиндониён рӯирост мегӯянд, агар як калимаи дигар нависед, делаатонро ҷамъ карда ба Хуҷанд мефиристем, ки падару модарат бо 50-100 сомонӣ ба пешат омадан натавонаду бо 200-300 доллар ба пешат биёяд. Барои ҳамин ҳам дигар ҳама метарсанд. Ман худам дидаам, касоне, ки зиёд менависанд ё аз задан маъюб кардаанд ва ё ҷойи дигар фиристодаанд. Ман ҳайронам, ки дар Тоҷикистон агар зиндонӣ гапи ҳақро ҳам гӯяд, ба ӯ бовар намекунанд. Чӣ магар вай дигар одам нест? Ман боварӣ надорам, ки ҳоло аз ин гирдиҳамоӣ барои маҳбусон заррае фоида бошад, чун маҳбус қадри як сигаретро надорад».

Дар як соли охир чанд мавриди пурсарусадои шиканҷа дар зиндонҳову боздоштгоҳҳои Тоҷикистон расонаӣ шуд, ки охиринаш марги Ҳамза Икромзода дар маҳбаси якуми Душанбест. Пайвандони ӯ мегӯянд, ки ӯро бо шиканҷа куштаанд, вале ба иддаои мақомот, Икромзода худкушӣ кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, вуҷуди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон дигар офтобест, ки бо доман пӯшидааш намешавад. Вай мегӯяд:

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик.

​​«Дар ин хусус санадҳо, изҳоротҳо ва сӯҳбатҳои тахассусии коршиносон ва намояндагони созмонҳои дохиливу хориҷӣ буд ва тавассути расонаҳо интишор гашт. Ин гуна муассисаҳо вобаста аз вижагиҳои фаъолиятияшон, аз таҳти назорати ҷомеаи шаҳрвандӣ дур мондаанд. Ҳамзамон мушкилоти моддӣ техникӣ ва кафолатҳои иҷтимоии кормандони маъмурии ин гуна идораҳо боиси он шудаанд, ки ҳамин гуна мушкилиҳои ҷойдошта  дар ҳолати онҳо ба назар нанамояд. Чунки барои беҳтар намудани аҳволи маҳбусон ва муассисаҳои марбута маблағ лозим аст. Аммо вазъи молии Тоҷикистон ногувор аст ва хароҷоти иловагӣ мехоҳад ва бидуни дастгирии созмонҳои байнадмилалӣ амали намудани ин табдирҳо мушкилиҳо дорад. Аммо шарти асосӣ дар ин самт риояи санадҳои байналмилалӣ мебошад. Чун як ҷониб онро халалдор мекунад, онҳо аз ҳамкорӣ дар ин маврид худдорӣ мекунанд».

Таҷаммӯъи пайвандони маҳбусон дар Душанбе дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар Женева ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар бораи ҷараёни иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа гузориш медиҳанд.

Ozodi