Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳуқуқдон бошед!
Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.
САВОЛ: Киҳо метавонанд тибқи қонун намояндагони ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ эътироф шаванд?
ПОСУХ: Намояндагони ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ хешовандони наздик ё дигар шахсоне эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи қонун ҳуқуқ доранд ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ манфиатҳои қонунии ҷабрдида, даъвогари
гражданӣ ё айбдоркунандаи хусусиро намояндагӣ кунанд ва бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, таъиноти суд, судя барои иштирок дар парванда роҳ дода шаванд. Барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагони ноболиғ ё онҳое, ки мутобиқи ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳии худ аз имконияти мустақилона муҳофизат кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон маҳруманд, барои иштироки ҳатмӣ дар баррасии парванда намояндагони қонунии онҳо ҷалб карда мешаванд (моддаи 45-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj