Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» рӯзи 7-уми феврал тасдиқи расидани шарҳҳои иловагӣ ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ (КҲИ СММ) оид ба парвандаи Исмонбой Бобоев (CCRP) C \120 \ D \ 2173 \ 2012)-ро дастрас намуданд.
Ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» рӯзи 7-уми феврал аз Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ тасдиқи расмии дастрас гардидани шарҳҳои иловагии ирсолнамудаашонро дар мавриди парвандаи Исмонбой Бобоев (CCRP \C\120\D\2173\2012) бо имзои роҳбари бахши созишномаҳо оид ба ҳуқуқи инсони КҲИ СММ Иброҳим Салом гирифтанд.
Дар матни мактуб чунин омадааст: «Ифтихормандам, ки ба расмиёти муроҷиатҳои инфиродии аз ҷониби Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ баррасишуда истинод менамоям ва тасдиқ мекунам, ки шарҳҳои иловагии шумо аз 19-уми январи соли 2022 ба муроҷиати №2173/2012, ки ба Кумита барои баррасӣ тибқи Протоколи факултативӣ ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз номи Ҷӯрабой Бобоев (марҳум) ва писараш Исмонбой Бобоев (марҳум) пешниҳод гардида буданд, дастрас шуданд.
Нусхаи пешниҳоди шумо баҳри маълумот ва баҳогузории чораҳои барои минбаъд меандешидаи давлати узв ирсол карда шуд.
Аз ҷониби Кумита баррасӣ аз рӯйи банди 6-и рӯзномаи пешакии Кумита - “Фаъолияти навбатӣ вобаста ба Протоколӣ факултативӣ ба Паймон” дар ҷаласаи 134-ум (28-уми феврал - 25-уми марти соли 2022) ба нақша гирифта шудааст. Мутобиқи таҷрибаи муқарраршуда, гузориши навбатии Кумита дар мавриди муроҷиати инфиродӣ эълон карда мешавад».
Адвокати ҷониби ҷабрдида Абдураҳмон Шарипов изҳори умедворӣ мекунад, ки бо гузашти 12 сол, гунаҳкорон ахиран ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
"Умедворем, ки парвандаи мазкур аз ҷониби давлати узв ба таври мусбат баррасӣ мегардад ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд",- зикр менамояд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки тафтишоти марги Бобоев 7 маротиба боздоштаву аз сар гирифта шуд.