Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Моҳи марти соли оянда КҲИ СММ чораҳои андешидаи мақомоти Тоҷикистонро оид ба иҷрои Мулоҳизот, ки Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар мавриди эътирофи далели истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони милитсия нисбати марҳум Хуршед Бобокалонов қабул намудааст, баҳогузорӣ мекунад.
Ҳафтаи гузашта, 16-уми декабри соли 2021, ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон (КҲИ) маълумот расонд, ки Тоҷикистон ягон чораи марбут ба иҷрои тавсияҳои КҲИ аз рӯйи парвандаи №2707/2015 (дар бораи эътирофи далели шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати Хуршед Бобокалонов, ки дар натиҷа бо фавти ӯ анҷом ёфт) наандешидааст.
ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» аз КҲИ СММ ба иттилоъ дар мавриди иҷро нашудани тавсияҳои КҲИ аз рӯйи парвандаи №2707/2015 (CCRP \C\128\D\2707\2015, ICCPR on behalf of Ms. Saodat Kulieva) аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон посухи расмӣ гирифт.
КҲИ СММ дар симои раҳбари бахши шартномаҳо оид ба ҳуқуқи инсон Ибрагим Салам бо мактуб аз 20-уми декабри соли 2021 чунин посух медиҳад: «Барои ман боиси ифтихор аст таваҷҷуҳ додан ба раванди фаъолиятҳо дар мавриди иттилооти инфиродӣ, ки аз ҷониби Кумитаи ҳуқуқи инсон тибқи Пртоколи факултативӣ ба Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ баррасӣ мегардад ва тасдиқи дастрасӣ ёфтан ба мулоҳизоти шумо аз 16-уми декабри соли 2021 вобаста ба маълумотномаи №2707/2015, ки аз номи Саодат Кулиева ба Кумита барои баррасӣ мутобиқи Протоколи факултативӣ ба Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ирсол гардида буд. Нусхаи пешниҳоди шумо барои маълумот ба давлати иштирокчӣ дастрас карда шуд. Баррасии чораҳои аз ҷониби давлати узв андешидашуда ҷиҳати татбиқи Мулоҳизоти қабулнамудаи Кумита оид ба ин маълумот дар ҷаласаи 134-ум (28-уми феврал - 25-уми марти соли 2022) аз рӯйи банди 6-и рӯзномаи муваққатии Кумита «Дар бораи чораҳо дар робита бо Протоколи факултативӣ ба Паймон» ба нақша гирифта шудааст. Мутобиқи таҷрибаи муқарраршуда, гузориши минбаъдаи Кумита оид ба хабарномаҳои инфиродӣ дастрас карда мешавад”.
Дар ҳамин ҳол…
Дар ин масъала Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар тавсияҳои худ ба ин хулоса омад, ки «давлати узв тафтишоти фаврӣ, холисона ва самараноки ҳолати фавти Хуршед Бобокалонов ва даъвои модараш Саодат Кулиеваро дар бораи шиканҷа ва муносибати ғайриқонунӣ нагузаронидааст» ва аз мақомоти тоҷик хост, то дар мавриди а) гузаронидани тафтишоти саривақтӣ, самаранок, ҳаматарафа, мустақил, беғаразона ва шаффофи шиканҷаву фавти писари муаллиф, инчунин таъқибу ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон, b) доимӣ огоҳ сохтани муаллиф аз рафти тафтишот ва с) пардохти муносиби ҷуброн барои нақзи ҳуқуқҳои писараш, инчунин чораҳои муносиби офиятбахшӣ чораҳои муассир андешад.
Бар замми ин, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон ҳамзамон талаб кард, то “дар давоми 180 рӯз аз ҷониби давлати узв маълумот дар бораи чораҳои андешидашуда тибқи Мулоҳизоти мазкур ироа гардад». Аз Тоҷикистон инчунин дархост карда шуд, ки «матни Мулоҳизотро оммавӣ гардонад ва паҳнсозии онро бо забонҳои расмии давлати узв ба таври васеъ таъмин намояд».
Ба андешаи ҳуқуқшиносони Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, Тоҷикистон ба унвони як кишвари узви Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ муваззаф аст, ки қарори қатъи парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба марги Хуршед Бобокалоновро лағв кунад ва тафтишоти нав, аз ҷумла дар мавриди далели истифодаи шиканҷа нисбати марҳум гузаронад.
Аммо талошҳои Маркази мустақил барои расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ ба модари Хуршед Бобокалонов натиҷа надод.
Прокуратураи генералии ҶТ барои иҷрои талаботи Мулоҳизот чорае наандешида, Суди ноҳияи Сино бо қарори худ шикояти модари Хуршед Бобокалонов - Саодат Кулиеваро дар бораи бекор кардани қарори муфаттиш оид ба қатъи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони милитсия аз рӯи далели фавти Хуршед Бобокалонов рад кард.
Ин қарори Суди ноҳияи Сино аз ҷониби коллегияи кассатсионии парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе бетағйир мононда шуд.
Дар бораи ин қазия мо инҷо ва инҷо маълумот дода будем.