Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
15 феврал мурофиаи судии гумонбаршудагон дар куштори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт дар Суди шаҳрӣ баргузор мегардад.
Бино ба иттилоъи суди шаҳри Душанбе 15 уми феврали соли 2016, мурофиаи додгоҳии Умедҷон Амрохон, сокини шаҳри Кӯлоб, ки дар куштори корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино даст дошт, баргузор мегардад.
Бино ба иттилои сарчашма аз Раёсати тафтишии парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умедҷон Амрохон, ки дар куштори корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино даст дошт, бо моддаи 104, қисми 2, бандҳои «а, б» ва 32, қисми 3-104, қисми 2, бандҳои «а, б» КҶ ҶумҳурииТоҷикистоно айбдор дониста шудааст.
Ба ҷуз Умедҷон Амрохон дар қазияи куштор амакаш Раҳматов Шарифов Қӯқанович ва 4 нафар аз пайвандону амакбачаҳояш, Мирзоев Наврӯзҷон, Мирзоев Одилҷон, Ҷумъахонов Давлатхон, Сафаров Шоинҷон даст доштаанд, ки бо моддаи 347 қисми 2-и КҶ ҶТ «Барои хабар надодан ба мақомот» гунаҳкор дониста мешаванд.
Қобил ба зикр аст, қазияи пурсару садо ва куштори кормандони комисариати ҳарбии субҳи 7 ноябр дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе (ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ) афроди ношинос бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи ҳамин комиссариат Рустам Саъдуллоев вориди муноқиша шуда, онҳоро бо корд маҷрӯҳ карданд. Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов бар асари захмҳои бардоштаашон дар ҷои ҳодиса ҷон дода, Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр аз боздошти гумонбар дар қатл ва захмӣ кардани ин чор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино хабар дод ва гуфт, ки ин нафар Умедҷони Амрохон, зода ва сокини шаҳри Кӯлоб мебошад.
Пас аз рух додани қазияи мазкур баҳси зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ба бор овард, ки аксарият ҷинояткорони ба ин қазия даст доштаро маҳкум карданд.