Латту кӯби Абдумалики 22-сола ҳангоми “облава”

Латту кӯби Абдумалики 22-сола ҳангоми “облава”

Абдурасул Сатторов, як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз латту кӯб шудани писари 22-солаи маъюбаш аз сӯи кормандони яке аз комиссариати ҳарбии пойтахт шикоят дорад. Вай мегӯяд, рӯзи 25 октябр ба додситонии ҳарбии пойтахт аз болои ин “авбошон”-и комиссариати ҳарбӣ шикоят бурда, вале бо гузашти беш аз 10 рӯз ҳанӯз посухе дарёфт накардааст.

Сатторов дар суҳбат бо Ozodagon.com гуфт, рӯзи 24 октябри соли ҷорӣ шаш тан аз кормандони яке аз комиссариати ҳарбии Душанбе, ки барояшон номаълум аст, дар наздикии масҷиди маъруф ба “Мехкалон” ҳангоми даъвати маҷбурӣ ё “облава” писараш – Абдумаликро шадидан зери зарбу шатта қарор додаанд.
 

Абдумалики Абдурасул, ки тоза аз бемористон мураххас шудааст, мегӯяд, дар роҳ ба сӯи маҳалли кораш бо ин кормандони комиссариати ҳарбӣ рӯбарӯ шуда буд. Ба гуфтаи Абдумалик, онҳо бидуни шиносоӣ ӯро ба дуздӣ муттаҳам карда, хостаанд, ба микроавтобуси навъи “Старекс” иҷборан савор кунанд. Вале ҳангоми пурсидани ӯ, ки “Шумо кӣ ҳастеду маро куҷо бурданиед”, шадидан мавриди латту кӯб аз сӯи эшон қарор гирифтааст. Абдумалик дар сӯҳбат бо Ozodagon.com афзуд, ҳангоме ки роҳгузарон ва шоҳидони ҳодиса мехостанд, ӯро аз зери шаттаи кормандони комиссариат наҷот диҳанд, онҳо ба роҳгузарон гуфтаанд, ки наздик нашавед, ин ҷавон дузд ҳасту мо ӯро дастгир кардаем. Инчунин, ин ҷавони маъюби тоҷик мегӯяд, дар қазияи латту кӯбаш аз сӯи кормандони комиссариат тақрибан 300 доллар ва зиёда аз 200 сомонии ӯ аз ҷайбаш ғайб задааст. 

Ба гуфтаи падари Абдумалик, тибқи хулосабарории табибон дар пайи ин латту кӯби кормандони комиссариат сари писараш сахт лат хӯрда, ба бемории “ҷунбиши майна” гирифтор шудааст, ки чанд муддат бояд дар беморхона бистарӣ ва то як муҳлат аз иҷрои корҳои ҷисмонӣ худдорӣ кунад. Оқои Сатторов илова кард, ҳарчанд табибон ба бистарӣ шудани писараш дар беморхона исрор кардаанд, вале ӯ аз тарси “ҳамлагарон”-и комиссариат, ки шояд ба беморхона низ барои “аёдат” оянд, рад кардааст.

Сатторов иброз намуд, худ собиқ корманди низомӣ ҳасту дар ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ бо Афғонистон иштирок доштааст ва ӯ ҳамеша ҷонибдор мебошад, ки фарзандонаш дар сафи Артиш хидмат намоянд: “Аммо ин писарам дар хурдӣ аз сар захм бардоштааст ва чанд моҳ пеш низ табибон ӯро озмоиш карда, гуфта буданд, ки барои ӯ ҳоло рафтан ба хидмати ҳарбӣ мумкин нест.”

Ин падари нафақахӯри 67-солаи тоҷик ва маъюби дараҷаи 2 аз он ибрози ташвиш дорад, ки ягона шахси кумакунанда ба ӯ дар пайдо намудани нафақаи оилааш Абдумалик мебошад ва ҳоло ӯ дар ин вазъият қарор дораду худ аробаи зиндагиро пеш мебарад. Масъалаи даъвати иҷборӣ ё “облава” ҳамеша мавриди баҳси ҷомеаи Тоҷикистон қарор доштаасту дорад. Худи масъулони Вазорати дифоъ ҳам вуҷуди “облава”-ро таъйид карда, аммо гуфта буданд, даъвати маҷбурӣ танҳо дар сурате роҳандозӣ мешавад, ки агар ҷавонон аз хидмати низомӣ саркашӣ намоянд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ozodagon