Латукӯби наворбардори "Озодагон" аз ҷониби пулис

Латукӯби наворбардори "Озодагон" аз ҷониби пулис

Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”, ки зуҳри имрӯз, 25-уми декабр дар назди боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуд, аз ҷониби маъмурони пулис мавриди латту кӯб қарор гирифтааст.

Шукуров, ки то ҳол аз боздошт раҳо нашудааст, мегӯяд, ки ин латту кӯб ҳангоми овардани ӯ аз назди боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ то Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сурат гирифтааст. Баъд аз шикояти масъулони “Озодагон”, маъмурони пулис ӯро барои ташхиси тиббӣ бурдаанд.

Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, ҳангоми наворбардорӣ аз рафти таҷаммӯи наздикон ва ҷонибдорони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе дастгир шуд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, ҳамон вақт барои раҳоии ӯ талош карда, аммо маъмурони пулис Шукуровро дар худрав шинонда бо худ бурдаанд.

Хонум Бобоназарова дар сӯҳбат ба "Озодагон" гуфт, "ман хостам, сӯҳбат кунам ва бигӯям, ки вай ҳеч қонунро вайрон накардааст. Онҳо нагузоштанд ва гуфтанд, ки мо мебарему ҷавоб медиҳем. Ман гуфтам, модоме ки ҷавоб доданӣ ҳастед, чаро мебаред? Яъне, методе ки бояд тарс диҳанд, ҳеч аз он дур намешаванд. Роҳбарияти Вазорати умури дохилӣ бояд ба ин фактҳо аҳамият диҳанд".

Ҳоло наворбардори мо раҳо нашудааст ва мақомот аз шарҳи омилҳои боздошти ӯ худдорӣ мекунанд.

Хабаргузории "Озодагон"

Ҳафт шабонарӯз ҳабси маъмурии наворбардори “Озодагон”

Абдураҳим ШукуровАбдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”, ки зӯҳри 25 декабр дар наздикии боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ аз сӯи мақомоти пулис боздошт шуда буд, ҳафт шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шудааст. Дар ин бора Хуршед Раҳмонов, муовини раиси шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, хабар дод.

Ин дар ҳолест, ки қаблан худи Раҳмонов ба масъулони “Озодагон” ваъда дод, ки Абдураҳим Шукуровро барои ташхис ё экспертиза мебарад ва баъдан раҳо хоҳад кард. Зеро наворбардори “Озодагон” дар як дидори кӯтоҳ бо масъулони хабаргузорӣ гуфт, ӯро баъд аз боздошт дар роҳ ба сӯи Шӯъбаи умури дохилӣ латту кӯб кардаанд ва ноҳияи чашми ӯ осеб дидааст.

Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, ҳангоми наворбардорӣ аз рафти таҷаммӯи наздикон ва ҷонибдорони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе дастгир шуд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, ҳамон вақт барои раҳоии ӯ талош карда, аммо маъмурони пулис Шукуровро дар худрав шинонда, бо худ бурдаанд.

Хонум Бобоназарова дар сӯҳбат ба "Озодагон" гуфт, "ман хостам, сӯҳбат кунам ва бигӯям, ки вай ҳеч қонунро вайрон накардааст. Онҳо нагузоштанд ва гуфтанд, ки мо мебарему ҷавоб медиҳем. Ман гуфтам, модоме ки ҷавоб доданӣ ҳастед, чаро мебаред? Яъне, методе ки бояд тарс диҳанд, ҳеч аз он дур намешаванд. Роҳбарияти Вазорати умури дохилӣ бояд ба ин фактҳо аҳамият диҳанд".

Хабаргузории "Озодагон"

Наворбардори хабаргузории Озодагон ҳафт рӯз ҳабс шуд

Оқои Шукуров ба ҳангоми наворбардорӣ аз таҷаммуъи тарафдорони Зайд Саидов дар муқобили боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ боздошт шудХабаргузории Озодагон мегӯяд, мақомоти вазорати кишвари Тоҷикистон хабар додаанд, ки наворбардори ин хабаргузорӣ пас аз боздошт тавассути маъмурони пулис ба ҳафт рӯзи ҳабс маҳкум шудааст.

Зафар Сӯфӣ муассиси ин хабаргузорӣ дар суҳбате телефунӣ гуфт, ки дар бораи маҳкумияти Абдураҳим Шукуров Хуршед Раҳмонов, муъовини раиси бахши вазорати кишвар дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар додааст.

Оқои Сӯфӣ гуфт мушаххас нест, ки кадом додгоҳе ҳукми ҳабси ӯро содир кардааст. Зеро ки оқои Раҳмонов замоне ки ин наворбардори хабаргузориро пас аз матраҳ шудани иддаъои лату кӯб ба баҳонаи анҷоми ташхиси пизишкии қонунӣ бо худ бурд, рӯзи корӣ ба поён мерасид ва баъид аст, ки дар ин вақт додгоҳе дар ҳоли фаъъолият бошад ва базудӣ ҳукм содир кунад.

Оқои Сӯфӣ гуфт мақомоти пулис ба саволи ӯ дар мавриди ин ки ҳукми ҳабсро кӣ содир кардааст, посух надодаанд.

Пештар хабаргузории "Озодагон" гуфта буд, ки оқои Шукуров пас аз боздошт тавассути маъмурони пулис мавриди "лату кӯб" қарор грифтааст.

Оқои Сӯфӣ мегӯяд дар ноҳияи чашми оқои Шукуров нишонаи лату кӯб дида мешуд ва чашми ӯ варам карда буд.

Оқои Шукуров дар суҳбат бо ҳамкорони худ гуфтааст замоне ки маъмурони пулис ӯро пас аз боздошт ба бахши вазорати кишвар дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ интиқол медоданд, ӯро мавриди хушунат қарор додаанд. Маъмурони пулис гуфтаанд ӯро ба иттиҳоми ихлоли назми умумӣ боздошт кардаанд.

Хабаргузории озодагон зимни нашри матлабе дар бораи ҳабси наворбардори худ гуфтааст ӯ аз замони боздошт то замоне ки хабари ҳабси ӯ расида вакили мудофеъ надоштааст.

Дар матлаби ин хабаргузорӣ омадааст, ки Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон "боздошт ва ҳабси Шукуровро ки танҳо машғули фаъолияти касбияш будааст, ғайриқонунӣ донист."

Оқои Шукуров замоне тавассути пулис боздошт шуд, ки аз таҷаммуъи тарафдорони Зайд Саидов, тоҷири қудратманд ва собиқ вазири саноеъи Тоҷикистон дар баробари сохтмони мурофиъаи додгоҳӣ филмбардорӣ мекард.

Хабарнигорони зиёде барои бозтоби ин рӯйдод дар наздикии боздоштгоҳи амниятӣ, ки муҳокима он ҷо идома дошт, ҷамъ шуда буданд, аммо ба гуфтаи онҳо, маъмурон иҷозаи вуруд ба толори муҳокимаро надоданд.

Гуфта мешавад маъмурони пулис низ аз ин таҷаммуъи тарафдорони оқои Саидов филмбардорӣ мекарданд, ки муҷиби ин бим шуда, ки наворҳои видиюии пулис барои таъқиби ширкаткунандагон истифода хоҳад шуд.

Додгоҳ Зайд Саидовро, ки пас аз иқдом барои таъсиси ҳизби ҷадиде мавсум ба "Тоҷикистони нав" боздошт шуд, имрӯз чаҳоршанбе, 25 декабр маҳкум ба 26 соли зиндон ва мусодираи дороиҳояш кард.

Додгоҳ ӯро бар асоси чаҳор модаи қонуни кайфарӣ дар таҷовузи ҷинсӣ, чандҳамсарӣ, кулоҳбардорӣ ё қаллобӣ, фасод ва ришвастионӣ мурҷим шинохтааст.

Таҳлилгарон боздошти оқои Саидовро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда ва мегӯянд, сабаби аслии боздошти вай ба эъломи тасмими ӯ барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" рабт доштааст.

Би-би-сӣ