Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Аз шумораи умумии иштирокдорони як назарпурсии торнамои Faraj.tj дар посух ба суоли «Аз соли 2014 чӣ дар ёди Шумо монд?» 14 нафар (8,81%) посух додаанд, ки «латукӯби одамон аз ҷониби намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ».
Бояд гуфт, ки ин назарпурсӣ то 19-уми феврали соли ҷорӣ идома ёфта, дар он 159 нафар иштирок кардаанд.
Дар назарпурсии мазкур 22 нафар (13,84%) «гирдиҳамоиҳо дар Хоруғ», 8 нафар (5,03%) «эълони афв ба муносибати 20-солагии Сарқонуни Тоҷикистон», 35 нафар (22,01%) «паст шудани қурби рубли русӣ ва баланд шудани қурби доллар», 7 нафар (4,4%) «марги қумондонҳо Суҳроб Қосимов ва Қурбон Чолов», 16 нафар (10,06%) «баста шудани сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ»-ро хотирмон қаламдод кардаанд.
Аммо 21 нафар (13,21%) гуфтаанд, ки «ба зиндагии худ овораанд».
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими тирамоҳии соли гузаштаи даъвати ҷавонон ба артиш се ҳодисаи латукӯб гардидани даъватшавандаҳо ва ҳатто волидон аз ҷониби кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент расонаӣ шуда буд.
Баъдан, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷакент ва сардори шуъбаи даъвати ҷавонони ин комиссариатро аз вазифа барканор кард.