Латукӯби шадиди сокини Вахш аз ҷониби милисаҳо

Латукӯби шадиди сокини Вахш аз ҷониби милисаҳо

Искандаршоҳ Сангов, сокини ноҳия Вахши вилояти Хатлон аз ҷониби корманди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ин ноҳия мавриди латукӯби шадид қарор гирифтааст.

Дар ин бора ба ТоjNews Ҷамшед Сангов, бародари Искандаршоҳ иттилоъ дод.

Ҷамшед Сангов мегӯяд, бародараш рӯзи 10-уми апрел дар маркази ноҳия, замоне дучархаи скутерашро канори роҳ гузошта ва аз мағозаи ноҳия харид мекард, кормандони милиса ӯро дошта, ба шуъбаи милиса бурдаанд ва он ҷо мавриди латукӯб қарор гирифтааст.

Дар натиҷа сару рӯи барадараш лат хӯрда, феълан дар бемористони "Қаряи боло" дар шаҳри Қӯрғонтеппа бистарӣ мебошад.

"Гӯё чанд рӯз пеш касе, ки мотосикл дорад, ба кори кормандони милиса дар ноҳия халал расонида будааст. Бародари ман, ки скутер дошт, ӯро гумонбари ҳамон ҳодиса дониста, аз роҳ боздошт кардаанд. Вайро ба шуъба бурда ва гурӯҳӣ задаанд. Ташхиси тиббӣ гузаронидем, ки лат хӯрдани сари барадарамро маълум кард. Ӯро ба бемористон овардем», - гуфт Ҷамшед Сангов.

Бино ба иттилои пайвандони Искандаршоҳ Сангов, ки барои аёдаташ ба бемористон рафтаанд, сару рӯи ӯ аз зарбу лати кормандони милиса захмӣ шудаву варам кардааст. 

Дар ШВКД ноҳияи Вахш ба TojNews гуфтанд, аз рухдоди ин ҳодиса иттилоъ надоранд. 

Қаблан TojNews оид ба ҳодисаи дигари зӯроварии кормандони мақомоти қудратӣ иттилоъ дода буд, ки як шаҳрванди тахминан 30-35-сола субҳи 10-уми апрел, тахминан соати 8:45 дақиқа дар наздикии фурӯшгоҳи "Садбарг" дар шаҳри Душанбе мавриди латукӯби шадид аз ҷониби милисаҳо қарор гирифт.

TojNews