Латукуби як соҳибкор аз ҷониби раиси Нозироти андоз

Латукуби як соҳибкор аз ҷониби раиси Нозироти андоз

Раиси нозироти андози ноҳияи Файзобод Лутфулло Алиев як соҳибкорро дар утоқи кориаш латукуб кардааст.

Соҳибкор У.К. мегӯяд, чанде  пеш Лутфулло Алиев дар ҳуҷраи кориаш ӯро латукӯб карда, дашномҳои қабеҳ додааст.

Ӯ мегӯяд, барои масъалаи корӣ ба қабулаш рафтам, вале ин масъули ҳукумат маро лат кард:

-Ман барои гирифтани имзои раиси нозироти андоз ба назди Алиев даромадам. Ҳисобот овада будам ва бояд ӯ дар ин ҳуҷҷатҳо имзо карда, як ададашро ба ман бармегардонд. Аммо ӯ талаб кард, ки бояд ба газетаи “Боҷу хироҷ” обуна шавам. Ман рад кардам, охир буҳрон аст дар мамлкат. Кору тиҷорати кам касон хуб аст. Аммо ӯ асабӣ шуда, ба сари ман доду вой кард. Ман талаб кардам, ки дар коғаз навис, ки имзо намегузорам ва ё имзо гузор то ман равам. Аммо ӯ ба шиддат рад карда, талаб кард, ки аз ҳуҷраи кориаш бароям. Пас аз онки ман якравӣ кардам, ӯ хеста ба қафаси синаам як мушт зад ва дашномҳои зиёдеро ба сари ман рехт. Ҷавоб дода метавонистам, вале аз қонунро болотар донистам. Ба ШКД-и Файзобод шикоят бурдам. Онҳо қазияро омӯхта парванда карданд. Ҳоло намедонам чӣ мешавад”.

У.К. мегӯяд, танҳо талаб дорад, ки раиси нозироти андоз бахшиш пурсаду ба дигар соҳибкорон ингуна муносибат накунад, зеро инхел рафтор соҳибкоронро дилсард мекунанд.

“Пас аз ин ҳодиса фаъолияти соҳибкориамро ҳам дар ноҳияи Файзобод қатъ кардам, зеро ба онҳо андозсупорандаву коргар лозим набудааст”- мегӯяд ӯ.

Аммо Лутфулло Алиев, раиси нозироти андози ноҳияи Файзобод ин ҳодисаро рад карда мегӯяд, ӯ ҳеҷ гоҳ ба чунин амал даст назадааст ва ин соҳибкор дар ҳаққи ӯ тӯҳмат карда истодааст.

Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Алиев тасдиқ кард, ки ӯро як маротиба ШКД-и ноҳияи Файзобод даъват карда аз ӯ баёнот гирифтаанд.

Дар  ШКД-и ноҳияи Файзобод ба TojNews гуфтанд, баъд аз дарёфти аризаи ин соҳибкор онро барои баррасӣ ба Прокуратура ирсол кардаанд.

Абдураҳмон Каримзода, сардори ШКД-и Файзобод гуфт: “Ҳоло икояти мазкурро Прокуратураи ноҳияи Файзобод санҷида истодаанд, зеро ин салоҳияти мо нест.”

Маврид ба зикр аст, ки бори дуюм аст, ки номи мансабдорони ноҳияи Файзобод ба ин шева расонаӣ мешавад. Соли гузашта Шодигул Қарахонова, сокини 59 - солаи  ноҳияи Файзобод ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурда буд, ки собиқ раиси ноҳияи мазкур Имомназар Каримиён  дасти ӯро дар ҳуҷраи кориаш зада шикастааст.  Баррасии ниҳои ин қазия норӯшан монд, аммо Каримиён аз вазифа сабукдӯш шуда, дигар ба хидмати давлатӣ ҷалб нашудааст.  

TojNews