Лоиҳаи қарори пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Дар бораи хусусиятҳои татбиқи қонунгузории вобаста ба ҷиноятҳои содирнамудаи ноболиғон ва дар бораи чораҳои алтернативии муносибат нисбати онҳо»

Аз 1 то 3-юми августи соли 2025 дар шаҳри Ҳисор дар мавзеи фароғатии Алмосӣ бо иштироки судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Фонди ҷамъиятии Ташаббуси ҳуқуқӣ ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) чорабинии корӣ баргузор гардид.

Дар доираи чорабинӣ лоиҳаи қарори пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Дар бораи хусусиятҳои татбиқи қонунгузории вобаста ба ҷиноятҳои содирнамудаи ноболиғон ва дар бораи чораҳои алтернативии муносибат нисбати онҳо» омода карда шуд.

Дар давоми се рӯз гурӯҳи корӣ меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалиро дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон муфассал омӯхт. Кор атрофи лоиҳа бомуваффақият анҷом ёфт.

Лоиҳаи омодашуда аз ҷониби Суди Олӣ барои баррасӣ ва шарҳ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва идораҳои манфиатдор фиристода мешавад. Пас аз қабули тамоми шарҳу пешниҳодот гурўҳи корӣ бори дигар бо мақсади коркарди ҳуҷҷат ва пешниҳоди намунаи ниҳоӣ барои баррасӣ ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ меоянд.

Чорабинӣ бо ибтикори Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар якҷоягӣ бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Тақвият бахшидан ба захираҳои кадрии хадамоти иҷтимоӣ барои қонеъ гардонидани ниёзҳои кӯдакони дар ихтилоф бо қонун қарордошта» ташкил карда шуд.

ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ»